Дар Душанбе стандарти маҳсулоти кишоварзии кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид

Апрель 8, 2019 14:20

ДУШАНБЕ, 08.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳи техникии миллии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон оид ба баррасии стандартҳои кишоварзии Осиёи Марказӣ доир гардид. Ҳадаф аз баргузории  ҷаласа таҳлил ва баррасии таҳияи стандартҳои кишоварзии Комиссияи аврупоии иқтисодии СММ, аз ҷумла стандарти пиёзи барвақтӣ, меваи хурмо, лимӯ, олуи сиёҳ, харбуза, харбузаи хушк, ангур, мавиз, чормағз ва себи хушк арзёбӣ мешавад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҷаласаро директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») Қудрат Давлатзода ифтитоҳ намуд.

Мавсуф таъкид дошт, ки бо мақсади дастгирии соҳибкорон ва тақвият бахшидан ба рушди содирот, инчунин бе монеа роҳ ёфтани маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ аз ҷониби мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» дар ҳамкорӣ бо як зумра ташкилоти байналмилалӣ  стандартҳои кишоварзӣ таҳия шуда истодаанд.

Аз ҷумла, алҳол стандарт барои пиёзи барвақтӣ аз рӯи стандартҳои байналмилалии КАИ СММ FFV- 25 таҳия шуда истодааст. Корҳо дар самти таҳияи стандарти  КАИ СММ FFV- 63 барои содирот ва назорати  сифати  маҳсулоти хурмо ва таҳияи  стандарти КАИ СММ FFV-63 барои лимӯ  низ идома доранд.

Тавре аз ҷониби ҳозирин баён гардид, тавассути таҳияи стандартҳои кишоварзӣ  сифати маҳсулот ва пешниҳоди он ба истеъмолкунанда баланд гардида, ҳамкориву манфиатҳои судманд ба даст овардан имкон дорад. Минтақаи Осиёи Марказӣ барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаву безарар  хеле мусоид буда, барои содироти он ба кишварҳои Аврупо замина мегузорад.

Коршиносон дар ҷаласа иброз доштанд, ки ин иқдом барои рушди судманди  ҳамкорӣ саривақтӣ буда, пеш аз ҳама, барои рушди содироти маҳсулоти кишоварзии кишварҳои Осиёи Марказӣ манфиатбахш аст.

Коршиносони байналмилалӣ ва инчунин намояндагони кишварҳои иштирокчӣ дар ҷараёни ҷаласа фикру андеша ва пешниҳодҳои худро оид ба таҳия ва қабули стандартҳои байналмилалӣ ва омилҳои татбиқи амалии стандартҳо зимни парваришу истеҳсолот, инчунин ба шакли ҷавобгӯ расонидани маҳсулоти кишоварзӣ то ба дасти истеъмолкунанда баён доштанд ва қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Мавриди зикр аст, ки маҳсулоти кишоварзӣ яке аз ғизоҳои аввалини инсоният буда, дар замони муосир истеҳсолкунандагон онро дар шаклҳои нав коркарду бастабандӣ ва барои истеъмолкунанда пешниҳод месозанд. Инчунин тибқи тақозои замон, ҳангоми парвариш ба таркиб, ҳаҷм ва шаклу намуди он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунанд, то барои солимии инсон осебе нарасад. Талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҳам ҳамин аст, ки дар шароити тағйирёбии иқлим маҳсулоти кишоварзӣ бе осеб боқӣ монад.

Ҷаласаи навбатии гурӯҳи техникии миллии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон оид ба баррасии стандартҳои кишоварзии Осиёи Марказӣ кори худро то 9 апрел идома медиҳад.

Апрель 8, 2019 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд