Дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ озмуни «Сайри гулҳо» баргузор гардид
ХОРУҒ, 08.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озмуни «Сайри гулҳо» баргузор шуд. Дар озмун асосан гулҳои хонагӣ, тухми гулу гиёҳҳои гуногун, кӯчати гулҳо ба намоиш ва фурӯш гузошта шуданд. Дар гӯшаи дигари майдон боғдорон ниҳолҳои дарахтони мевадору сояафканро ба сокинони шаҳру деҳоти атрофи он пешниҳод намуданд.
Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Мулкамон Назаралиев гуфт, ки ин озмун мутобиқи Амри Президенти Тоҷикистон бо мақсади рушди гулпарварӣ дар саросари мамлакат ва ба ин восита боз ҳам зебову дилрабо намудани манзил, ҳавлии хонаҳо, кӯчаву хиёбонҳои шаҳру деҳот роҳандозӣ шуд. Азбаски фасли баҳор дао Бадахшон нисбат ба дигар манотиқи кишвар дертар фаро мерасад, гулпарварон имкони ба намоиш гузоштани гулҳои саҳроиро надоранд. Ҳамзамон дар озмун 2 ҳазор дона гулҳои гуногун,100 намуди тухмиҳои гулу бутта ва гиёҳ ба маърази намоиш гузошта шуданд.
Ба гуфтаи сокини шаҳри Хоруғ Фарзона Маҳтобшоева, ки 20 сол боз ба парвариши гулҳои хонагӣ машғул аст ва дар озмуни мазкур 20 намуди гулҳоро ба намоиш гузоштааст, «ҳар як гул мисли инсон хислату хосияти худро дорад. Гул хеле табъи нозук дорад ва ҳамеша ба навозишу меҳрубонӣ ниёз дорад. Дар хонае, ки меҳру муҳаббат аст, гулҳо низ хушу шукуфтаҳол ҳастанд. Гулпарварӣ як шуғли хеле шавқовар аст ва агар касе ба он дил бандад, дигар зиндагии худро бидуни гул тасаввур карда наметавонад. Ӯ ҳамеша дар ҷустуҷӯи намудҳои нави гул мешавад».
Ходими калони илмии Институти биологии Помири Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар вилоят Маҳбуба Исломбекова гуфт, ки дар рушди соҳаи гулпарварӣ ҳиссаи олимони ин Пажӯҳишгоҳ назаррас аст. Солҳои зиёд аст, ки бисёр идораву муассисаҳо ва сокинони шаҳр бо олимон ҳамкорӣ доранд. Тухму кӯчатҳои гулро маҳз аз Интитути онҳо дастрас намуда, аз олимон маслиҳату тавсия мегиранд. Ин ходими илмӣ изҳори умедворӣ кард, ки баъди чунин озмунҳо теъдоди гупарварон дар шаҳру деҳооти вилоят боз ҳам бештар мегардад.
Дар хатми озмун беҳтарин гулпарварон бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардиданд.








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






