Дар Пекин нигораҳои нодири таърихии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба маъраз гузошта мешаванд

Апрель 9, 2019 14:33

ДУШАНБЕ, 09.04.2019 /АМИТ «Ховар»/.   11 апрели соли равон дар Осорхонаи миллии Чин дар шаҳри Пекин намоиши «Ганҷинаҳо аз осорхонаҳои Шоҳроҳи Бузурги Абрешим» ифтитоҳ мегардад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин намоиш Осорхонаи миллии Тоҷикистон иштирок намуда, аз фонди тиллоии он 15 адад нигораҳои нодири таърихии марбут ба давраҳои гуногун, аз қабили санг бо навиштаҷоти суғдӣ (асрҳои VII-VIII), кӯзаҳои мунаққаши катибадори асрҳои X-XI, сипар бо тасвири фариштаҳо (асрҳои XVI-XVIII), коса, ҷом, лаълиҳои катибадори асри XIX ва рангдону қаламдони асрҳои XVIII-XIX ба маъраз гузошта мешаванд.

Мақсад аз баргузории намоиш муаррифии осори фарҳангу тамаддуни халқиятҳое, ки дар қарнҳои бостон ва имрӯз дар тўли Шоҳроҳи Бузурги Абрешим зиндагонӣ менамоянд, мебошад.

Ҳамзамон дар намоиши мазкур ёдгориҳо аз осорхонаи таърихии шаҳри Москваи Федератсияи Россия, Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Қазоқистон, Осорхонаи миллии Муғулистон, осорхонаҳои таърихии кишварҳои Яман, Камбоҷа, Латвия, Словения, Руминия, Япония, Корея ва Чин пешниҳоди тамошобинон мегарданд.

Бояд гуфт, ки Шоҳроҳи Бузурги Абрешим то охири асри XV, яъне то кашф гардидани роҳи баҳрӣ ба сўи Ҳинд дар тӯли 1700 сол вуҷуд дошта, 3 қитъаи олам- Осиё, Африқо ва Аврупоро мепайваст. Ин роҳ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Дарвоз, Ванҷ, Вахон, Ишкошим, Хуҷанд, ҳамзамон аз шаҳрҳои Самарқанду Бухоро убур менамуд.

Намоиши «Ганҷинаҳо аз осорхонаҳои Шоҳроҳи Бузурги Абрешим» то рӯзи 14 июли соли 2019 дар Осорхонаи миллии Чин идома менамояд.

Апрель 9, 2019 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид