Дар пойгаи аспдавонӣ «Радана» ҷоизаи асосӣ-шутурро соҳиб шуда, онро ба Файзобод бурд
ДУШАНБЕ, 01.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба аспдавонӣ барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт-2019» анҷом ёфт.
Тавре сомонаи расмии ТВ «Варзиш» хабар медиҳад, дар он беш аз 60 сар аспҳои хуби зоти тоҷикиву англисӣ аз корхонаҳои соҳавии ҷумҳурӣ бо беҳтарин чобуксаворони кишвар иштирок карданд. Мусобиқа дар масофаҳои 1000, 1200 ва 1600 метр дар шаш марҳила гузаронида шуд.
Дар пойгаи якум ба масофаи 1600 метр аспи хушзот бо лақаби «Звезда» бо нишондоди 1 дақиқаю 59 сония таҳти роҳбарии Раҳматшо Бегиҷонзода ғолиб омад.
Дар ҳамин масофа дар пойгаи дуюми аспҳои соли гуногуни зоти тоҷикӣ аспи «Бомдод» дар 1 дақиқаю 49 сония мақоми аввал ба даст овард.
Дар пойгаи сеюми аспҳои соли гуногуни зоти тоҷикӣ аспе бо номи «Рекорд» соҳиби ҷои аввал гардид. Нишондоди ин асп дар масофаи 1600 метр ба 1 дақиқаю 49 сония баробар шуд.
Ниҳоят дар пойгаи 6-уми аспҳои дусолаи зоти тоҷикӣ, ки ҷоизаи асосиаш шутур буд, бо нишондоди 1 дақиқаю 11 сония аспе бо номи «Радана» аз хоҷагии деҳқонии «Дошмандӣ»-и ноҳияи Файзобод ғолиб ва соҳиби ҷоиза гардид.








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






