Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии байнисарҳадии «Дӯстӣ-2019» доир гардид
ДУШАНБЕ, 08.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 6-7 апрели соли равон дар Маркази таълимии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии байнисарҳадии «Дӯстӣ-2019» доир гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамоиши мазкур дар доираи лоиҳаи муштараки «Дастгирии ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар чаҳорчӯби ислоҳоти милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи илмӣ-техникии зиёиёни Тоҷикистон», Ташкилоти байналхалқии ғайридавлатии «Дунёи бехатар» (Saferworld) ва шуъбаи мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳамоиш барномаи байналхалқӣ буда, бо мақсади равнақ бахшидани дӯстӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, пешгирӣ аз муноқишаҳои наздисарҳадӣ, таъмини амнияту бехатарӣ дар ҳудуди минтақаҳои наздисарҳадии вилоятҳои Суғд ва Бодканди ду ҳамсоякишвар равона гардид. Ҷиҳати иштирок дар ин ҳамоиш кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ходимони ҷамъиятиву давлатӣ, фаъолон, ҷавонони ташаббускор, намояндагони касбу кори гуногун аз ҳисоби сокинони шаҳру ноҳияҳои ҳамсарҳади Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон даъват гардиданд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мушовири Вазири корҳои дохилӣ Ориф Ҷураев ва ҷониби меҳмононро муовини сардори РВКД Ҷумҳурии Қирғизистон Арстан Усанов роҳбаладӣ менамуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи лоиҳаи мазкур бо иштироки фаъолонаи ҷонибҳо суҳбати «мизи мудаввар» ва мусобиқаҳои варзишии футбол ва волейбол дар фазои дӯстиву якдигарфаҳмӣ ҷараён гирифтанд.








COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд






