ДАРАХТ БИНШОН! Дар ҳудуди Осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рашт маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 08.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои истироҳатӣ ҷиҳати сабзазоркунӣ ва шинонидани ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан дар атрофи биноҳои маъмурӣ ҳайати шахсии Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт маъракаи ниҳолшинонӣ гузарониданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маъракаи ниҳолшинонӣ сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт Сафиало Азизуллозода, сардорони шуъбаҳои ВКД дар минтақаи мазкур ва ҳайати шахсии Раёсат аз табиати зебо ва ҳавои мусоид пурсамар истифода бурда, дар ҳудуди Осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рашт зиёда аз 1000 адад ниҳолҳои мевадиҳанда, аз қабили себу нок ва дигар ниҳолҳои сояафкан шинониданд.
Ҳайати шахсии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт маъракаи ниҳолшинониро иқдоми неку созанда арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бунёди боғу сабзазоркунии муҳити зист ва ободу зебо намудани атрофи биноҳои маъмуриро вусъат медиҳанд.








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






