Дастаи «Истиқлол» Ҷоми КФО-2019-ро бо ғалаба оғоз кард

Апрель 4, 2019 09:10

ДУШАНБЕ, 03.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дар гурӯҳи «D» байни дастаҳои  футболи  «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд баргузор шуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад, дар ин вохӯрии ҷолиб  дастаи  футболи «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 3:0 бар дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд  ғолиб омад.

Бояд зикр кард, ки  дар даҳаи қисми дуюми дидор ҳамлавари арманистонии «Истиқлол» Руслан Корян ҳисобро боз намуд. Дар дақиқаи 68-ум Алишер Ҷалилов аз зарбаи ҷаримавии 11-метра ҳисоби бозиро 2:0 намуда, «Истиқлол» — ро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 72-юм боз Руслан Корян голи дуюми худ ва голи сеюми дастаашро ба ҳадаф расонида, ба бозӣ нуқтаи ниҳоӣ гузошт.

Ҳамин тариқ «Истиқлол» дар бозии аввали гурӯҳи «D»-и марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.  Хотиррасон мекунем, ки аввалин бор дар таърихи хеш ду дастаи Тоҷикистон дар як гурӯҳ бо ҳам вомехӯранд. Дастаи  футболи  «Истиқлол»-и Душанбе  бозии даври дуюми гурӯҳи «D» — ро 17 апрел бо дастаи футболи  «Алтин Асир» -и  Туркманистон баргузор мекунад. Дастаи  футболи «Хуҷанд» дар ҳамин рӯз дар хонааш дастаи  «Дордой» -и Қирғизистонро қабул мекунад.

Ёдовар мешавем, ки бозии дигари гурӯҳи мазкур миёни дастаҳои футболи «Дордой»-и Қирғизистон  ва «Алтин Асир»-и  Туркманистон бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.  Феълан дастаи футболи  «Истиқлол» бо касби 3 хол садрнишини ҷадвали гурӯҳи «D» ба ҳисоб меравад. Дастаҳои  футболи «Дордой» ва «Алтин Асир» бо дарёфти якимтиёзӣ дар зинаҳои 2-юм ва сеюм қарор доранд.

Дастаи футболи  «Хуҷанд»  дар зинаи 4-ум мавқеъ касб кардааст.

Апрель 4, 2019 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид