Дилшод Назаров раиси Федератсияи варзиши сабуки Осиёи Миёна интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 22.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. 20 апрели соли равон дар шаҳри Доҳаи Қатар, дар доираи баргузории Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук ҷаласаи Конгресси Федератсияи варзиши сабуки Осиё доир гардид. Дар ин ҷаласа варзишгари маъруфи Тоҷикистон, чемпиони Бозиҳои олимпӣ, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Дилшод Назаров раиси Федератсияи варзиши сабуки Осиёи Миёна интихоб гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ҳамчунин Федератсияи варзиши сабуки Осиё Дилшод Назаровро раиси Комиссияи варзишгарон интихоб намуд.
Ба иттилои манбаъ, дар кори ҷаласа Доҳлан Ҳамади қатарӣ бори дигар Президенти Федератсияи варзиши сабуки Осиё интихоб гардида, ӯ то соли 2023 дар ин мақом хоҳад монд.
Ҳамзамон дар кори ҷаласа ноибони Президент, аъзои Кумитаи иҷроия ва дигар ниҳодҳо аз ҷониби аъзои Конгресс интихоб гардиданд.
Варзишгари шинохтаи тоҷик, чемпиони олимпии соли 1992 ва Чемпиони ҷаҳон дар соли 1993 Андрей Абдувалиев ба ҳайси ноиби Президент интихоб гардид.
Дар ин ҷаласа бо дастгирии роҳбарони федератсияҳои варзиши сабуки қитъаи Осиё ба Дилшод Назаров ҷоизаи «Беҳтарин гурзандози Осиё» тақдим карда шуд.








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






