Фестивали анъанавии ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 9.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Фестивали анъанавии ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Кашшофи падидаҳои наврас» ҷамъбаст гардид.
Тавре сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ — фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ғуломзода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дар маросими ҷамъбасти фестивал Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Хайриддин Идиев, аҳли илму адаб ва намояндагони Воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ иброз намуд, ки пешрафту тарақиёти ҳар як кишвар аз насли ҷавону бомаърифати ӯ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ ҳукумати кишвар ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус равона кардааст.
«Китобхона хазинаи бузурги фарҳангу маънавиёт ва китоб ганҷинаи бебаҳо дар зиндагии инсонҳост. Дўсти беғаразу раҳнамо дар ҳама лаҳзаҳову давраҳои ҳаёт, шиноснома ва муаррифи халқу миллатҳо дар арсаи олам аст. Мардуми дунё маҳз ба шарофати китоб, осори гаронбаҳояшон, дар байни дигар қавму миллатҳо шуҳрату маҳбубият пайдо мекунанд»,- зикр намуд Шамсиддин Орумбекзода.
Дар ин фестивал ҳамарӯза намоиши китобҳои тозанашр, вохӯриҳо бо адибон, маҳфилҳои гуногуни адабӣ ва ҳунарӣ, барномаҳои ҷолиби консертӣ, ташкили Озмуни расмҳо аз рўи асарҳои кўдакона «Китобчаи дўстдоштаи ман», Озмуни хабарнигорон барои беҳтарин инъикоси таҷрибаи коллективҳои меҳнатӣ оид ба тарғиби китоб ва рушди хониш дар ВАО, сабқатҳои «Фурўхташавандатарин китоб», «Фаъолтарин хонандаи ҷавон», «Машҳуртарин нависандаи кўдакон», Озмуни ровиёни ҷавон баргузор гардиданд.
Зимни ҷамъбаст дар бахши «Фаъолтарин хонанда» ҷойи якум насиби хонандаи синфи 2-и Мактаб-гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати ш. Душанбе Фархунда Авғонова гардида, ҷойи дуюм ба хонандаи МТМУ №11-и н.И.Сомонӣ Достон Иксанов ва ҷойи сеюм ба хонандаи синфи 6 МТМУ №6 ш.Бохтар Достони Рустам сазовор дониста шуд.
Инчунин дар бахши хабарнигорон барои беҳтарин инъикоси таҷрибаи коллективҳои меҳнатӣ оид ба тарғиби китоб ва рушди хониш дар ВАО ҷойи якумро- хонандаи синфи 5 МТМУ №6-и ш. Хуҷанд Санъатхон Мирзоева, ҷойи дуюм –хонандаи синфи 8 МТМУ №11-и н.И.Сомонӣ Садафмо Азимова ва ҷойи сеюмро- хонандаи синфи 7 МТМУ №14-и н.Шаҳринав Амирҳамза Абдуллоев сазовор гардиданд.
Дар бахши Озмуни ровиёни ҷавон ҷойи аввалро хонандаи МТМУ №1-и н.Файзобод Шодмеҳр Давлатзода, ҷойи дуюмро хонандаи синфи 10 МТМУ №5 ш.Кўлоб Саодати Бахтиёр ва ҷойи сеюмро хонандаи синфи 10 МТМУ №1-н.Лахш Шабнам Қосимова мушарраф гардиданд.








Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид






