Фестивали анъанавии ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид

Апрель 9, 2019 16:45

ДУШАНБЕ, 9.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Фестивали анъанавии ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Кашшофи падидаҳои наврас» ҷамъбаст гардид.

Тавре сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ — фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ғуломзода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дар маросими ҷамъбасти фестивал Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Хайриддин Идиев, аҳли илму адаб ва намояндагони Воситаҳои  ахбори омма иштирок намуданд.

Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ иброз намуд, ки пешрафту тарақиёти ҳар як кишвар аз насли ҷавону бомаърифати ӯ вобастагӣ дорад.  Аз ин рӯ ҳукумати кишвар ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус равона кардааст.

«Китобхона хазинаи бузурги фарҳангу маънавиёт ва китоб  ганҷинаи бебаҳо дар зиндагии инсонҳост. Дўсти беғаразу раҳнамо дар ҳама лаҳзаҳову давраҳои ҳаёт, шиноснома ва муаррифи халқу миллатҳо дар арсаи олам аст. Мардуми дунё маҳз ба шарофати китоб, осори гаронбаҳояшон, дар байни дигар қавму миллатҳо шуҳрату маҳбубият пайдо мекунанд»,- зикр намуд Шамсиддин Орумбекзода.

Дар ин фестивал ҳамарӯза намоиши китобҳои тозанашр, вохӯриҳо бо адибон, маҳфилҳои гуногуни адабӣ ва ҳунарӣ, барномаҳои ҷолиби консертӣ, ташкили Озмуни расмҳо аз рўи асарҳои кўдакона «Китобчаи дўстдоштаи ман», Озмуни хабарнигорон барои беҳтарин инъикоси таҷрибаи коллективҳои меҳнатӣ оид ба тарғиби китоб ва рушди хониш дар ВАО, сабқатҳои «Фурўхташавандатарин китоб», «Фаъолтарин хонандаи ҷавон», «Машҳуртарин нависандаи кўдакон», Озмуни ровиёни ҷавон баргузор гардиданд.

Зимни ҷамъбаст дар бахши «Фаъолтарин хонанда» ҷойи якум насиби  хонандаи синфи 2-и Мактаб-гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати ш. Душанбе Фархунда Авғонова гардида, ҷойи дуюм ба хонандаи  МТМУ №11-и н.И.Сомонӣ  Достон Иксанов  ва ҷойи сеюм ба хонандаи синфи 6 МТМУ №6 ш.Бохтар Достони Рустам сазовор дониста шуд.

Инчунин дар бахши хабарнигорон барои беҳтарин инъикоси таҷрибаи  коллективҳои меҳнатӣ оид ба тарғиби китоб ва рушди хониш дар ВАО ҷойи якумро- хонандаи синфи 5 МТМУ №6-и ш. Хуҷанд Санъатхон Мирзоева, ҷойи дуюм –хонандаи синфи 8 МТМУ №11-и н.И.Сомонӣ Садафмо Азимова ва ҷойи сеюмро- хонандаи синфи 7 МТМУ №14-и н.Шаҳринав Амирҳамза Абдуллоев сазовор гардиданд.

Дар бахши Озмуни ровиёни ҷавон ҷойи аввалро хонандаи МТМУ №1-и н.Файзобод Шодмеҳр Давлатзода, ҷойи дуюмро хонандаи синфи 10 МТМУ №5 ш.Кўлоб Саодати Бахтиёр ва ҷойи сеюмро хонандаи синфи 10 МТМУ №1-н.Лахш Шабнам Қосимова мушарраф гардиданд.

Апрель 9, 2019 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ баррасӣ карданд
Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маориф назаррас аст
«ПРЕЗИДЕНТ – ҲОМИИ МИЛЛАТ». Таҳти чунин унвон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Аз номи Сергей Лебедев барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Анҷумани VI омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои ИДМ дар Душанбе номаи сипос расид
«Маҳмуднома». Таҳти чунин унвон доир ба фаъолияти Ҳомид Маҳмудов китоб ба нашр расидааст
«ТОҶИКОН» ДАР ХОНАДОНИ МАН» . Таҳти чунин унвон дар шаҳри Турсунзода озмуни зеҳнӣ доир шуд
Шоираи Раҳимҷон дар ҷамъбасти Фестивали 5-уми адабии Авруосиёии Лиффт-2021 ҷоизаи «Занон барои сулҳ»-ро соҳиб шуд
ХАБАРИ ХУШ! Номинаҳои 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ва 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2022-2023 шомил гардиданд
ТАСС: Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба Русия пешниҳод намудааст, ки китобҳои дарсии забони русиро ба мактабҳо мутобиқ созад
«Пешвои миллат ва таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
ЁДГОРИИ МЕЪМОРИИ МАНСУБ БА ДАВРАИ АНТИҚА. Бостоншиносони Тоҷикистон ва Фаронса аз пойсутун ва ҷузъи сутуни деҳаи Пушинги Данғара дидан намуданд
Гулчеҳра Қоҳирова: Астероиди 4660 Nereus барои Замин ягон хатар надорад