Фестивали анъанавии ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» ҷамъбаст мегардад
ДУШАНБЕ, 8.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 9 апрели соли равон Фестивали анъанавии ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Кашшофи падидаҳои наврас» ҷамъбаст мегардад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, даври ҷамъбастии фестивал бахшида ба 65-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб баргузор гардида, дар он намоиши идона бо иштироки аҳли илму адаб, намояндагони вазоратҳои фарҳангу маориф, воситаҳои ахбори омма дар назар дошта шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар ин фестивал, ки аз 2 то 9 апрели соли равон идома меёбад, намоиши китобҳои тозанашр, вохӯриҳо бо адибон, маҳфилҳои гуногуни адабӣ ва ҳунарӣ, барномаҳои ҷолиби консертӣ, ташкили Озмуни расмҳо аз рўи асарҳои кўдакона- «Китобчаи дўстдоштаи ман», Озмуни хабарнигорон барои беҳтарин инъикоси таҷрибаи коллективҳои меҳнатӣ оид ба тарғиби китоб ва рушди хониш дар ВАО, сабқатҳои «Фурўхташавандатарин китоб», «Фаъолтарин хонандаи ҷавон», «Машҳуртарин нависандаи кўдакон» ва Озмуни ровиён баргузор мегардад.
Ҳадафи асосии фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кўдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин восита дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандўстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






