ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар Дакка бо дастаҳои Муғулистону Лаос бозӣ мекунад

Апрель 10, 2019 15:43

ДУШАНБЕ, 10.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳарифони дастаи мунтахаби бонувони то 19-солаи   Тоҷикистон оид ба футбол   дар мусобиқаи байналмилалии «Bangamata U-19 Women’s International Gold Cup 2019», ки аз 23 апрел то 3 майи соли равон дар пойтахти Бангладеш- шаҳри Дакка баргузор мешавад, маълум гардиданд.

Тавре аз  Федератсияи  футболи  Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар асоси қуръакашии мусобиқаи мазкур дастаи  мунтахаби  бонувони Тоҷикистон ба гурӯҳи «А» шомил гардид. Он бо дастаҳои мунтахаби бонувони ҷавони Муғулистон (23 апрел) ва Лаос (27 апрел) вомехӯрад.

Бояд зикр кард, ки гурӯҳи «В» аз дастаҳои мунтахаби  бонувони  Бангладеш, АМА ва Қирғизистон таркиб ёфтааст. Пас аз натиҷагирии бозиҳои гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар ду гурӯҳ ба нимфинал роҳ меёбанд ва муборизаро идома медиҳанд.

Ҳоло дастаи  мунтахаби бонувони ҷавони Тоҷикистон, иборат аз  23 нафар бозингар бо роҳбарии сармураббӣ Қаноат Латифов дар шаҳри Норак ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ фаро гирифта шудаанд.

Апрель 10, 2019 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод