Футбол: дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон бар дастаи Уммон ғалаба кард

Апрель 23, 2019 08:19

ДУШАНБЕ, 23.04.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Дастаи  мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе  дар як вохӯрии дӯстона бар дастаи мунтахаби наврасони Уммон бо натиҷаи 2:0 ғалаба кард. Тӯбҳоро дар ин бозӣ Абдулфаттоҳи Худойдодзода (38) ва Меҳрубони Абдурауф (90) ба нишон расониданд.

Баъди вохӯрӣ беҳтарин бозингрони дастаҳо-Сафарманд Ғаффоров –дарвозабони дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва Алмуътасим Ғаним Умар Ассамин Амарҷид-аз дастаи мунтахаби Уммон бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Бозии дуюми дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ва Уммон  дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе 25 апрел, соати 18:00 барпо мегардад.

Мақсад аз гузаронидани бозиҳои дӯстона ва таҷрибавӣ бо дастаи мунтахаби Уммон омодагии пурра ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё -2020 ба ҳисоб меравад.

Апрель 23, 2019 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид