Футбол: даври сеюми Чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олӣ ҷамъбаст гардид

Апрель 23, 2019 13:10

ДУШАНБЕ, 23.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври сеюми Чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олӣ шоми дирӯз бо баргузории вохӯрӣ байни  дастаҳои «Кӯктош» ва «Истиқлол» дар ноҳияи Рӯдакӣ ба анҷом расид. Чемпиони мамлакат –«Истиқлол»-и Душанбе дар дақиқаҳои охири бозӣ аз бохт наҷот ёфт. Аловиддин Бӯриев шарҳ медиҳад.

Бозии марказии даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳи «Нефтяник»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳузури 7500 тамошобин бо ширкати барандаи медалҳои биринҷии мавсими футболи соли гузашта- «Кӯктош»  ва чемпиони ҳафткаратаи мамлакат- «Истиқлол» сурат гирифт.  Баъди бохт дар даври гузашта аз «Регар-ТадАЗ» бо натиҷаи 3:0 соҳибони майдон кӯшиш карданд, ки дар назди мухлисонашон худро сафед кунанд. Бозӣ ниҳоят ҷолиб оғоз ёфт ва  дар дақиқаи 4-ум ба легионери  ӯзбекистонии дастаи «Кӯктош» Муҳиддин Одилов муяссар шуд, ки ҳисобро боз кунад. Бори дигар ин бозингар дар дақиқаи 10-ум дарвозабони  «Истиқлол» Рустам Ятимовро маҷбур кард, ки тӯбро аз дарвоза гирад.   Ҳамлагари ҷавони дастаи «Истиқлол»  Шаҳром Самиев дар дақиқаи 31-ум ҳисобро тағйир доду дар дақиқаи 88-ум ба задани зарбаи пеналтӣ ҳуқуқ пайдо кард. Онро Фатҳулло Фатҳуллоев ба ҳадаф расонду ҳисобро баробар кард. Вохӯрӣ бо натиҷаи 2:2 ба поён расид.

Бозии баҳсангези даври сеюм дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар бо ширкати дастаҳои «Хатлон», ки дар ду бозии аввали мавсими нави футболи кишвар аз дастаҳои «Хуҷанд» (1:0) ва «Истиқлол» (3:1) мағлуб гардида буд, бо дастаи нави Лигаи олӣ «Истаравшан» рух дод.

Аз нахустин дақиқаҳо  пайхас  гардид, ки соҳибони майдон танҳо бо нияти ғалаба ба майдон омадаанд. «Истаравшан» ҳам  баъди ғалабаи арзишманди худ бар дастаи «Хуҷанд» (2:1) бо рӯҳияи болида ба мубориза шурӯъ кард. Дар майдон бозии баробар идома дошт. Дар дақиқаи 14-уми нимаи аввал  бо хатои дарвозабони «Истаравшан» Қурбоналӣ Бобоев ҳисоб кушода шуд. Кароматулло Саидов аз зарбаи ҷаримавӣ тақрибан аз масофаи 35 метр  тӯбро вориди дарвоза кард.  Дар дақиқаи 48-ум футболбозони шаҳри Бохтар бартарии худро боло бурданд ва Равшан Азизов тӯби дуввумро ба нишон расонд. Дар дақиқаи 60-ум баъди ҳуҷуми тӯлонии дастаи «Истаравшан» дарвозабони соҳибони майдон Шаҳром Исмоилов бо асабоният ба рӯи легионери дастаи «Истаравшан» Ҷамшед Ҳасанов бо мушт зарба  зад ва он аз назари довари вохӯрӣ Гулмуроди Саъдулло берун монд, вале ёвари ӯ Ҳасан Каримов ин ҳолатро ислоҳ намуда, ба дарвозаи «Хатлон» пеналтӣ таъйин гардид. Онро Фирӯз Қараев ба ҳадаф расонд. Мутаассифона, на корти сурх ва на корти зард ба дарвозабони соҳибони майдон  нишон дода нашуд ва Кумитаи одоби  ФФТ дар ин маврид қарори худро рӯзҳои наздик  ба нашр хоҳад расонд. Бозӣ бо ҳамин натиҷаи 2:1 бо ғалабаи дастаи «Хатлон» ба анҷом расид ва онҳо аввалин ғалабаи худро дар мавсими нав ба даст оварданд.

Дар ин давр дастаи «Регар-ТадАЗ» дар сафар бар «Панҷшер» бо ҳисоби 1:0 пирӯз омад. Тӯбро Нозим Бобоҷонов ба нишон расонид.

Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдонаш натавонист КМВА «Помир»-ро мағлуб намояд. Дар натиҷа голҳои Шарафҷон Солеҳов (57) ва Асилҷон Бегимқулов (80)  ба дастаҳо холҳоро тақсим карданд.

Ҳамин тавр, бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистонро дар варзишгоҳҳо 14 500 нафар тамошо карданд, ки нисбат ба ду даври гузашта камтар аст. Тӯб 10 маротиба хати дарвозаҳоро рахна кард ва ду маротибаи он аз зарбаи пеналтӣ истифода шуд. Доварон ба бозингарон 21 корти зард нишон доданд, ки ин шумораи рекордии мавсими имсола мебошад.

Даври чорум аз 25 апрел шурӯъ меёбад. «Хуҷанд» бо «Регар-ТадАЗ», «Истиқлол» бо «Истаравшан», КМВА «Помир» бо «Хатлон» ва «Кӯктош» бо «Панҷшер» вориди майдон мешаванд.

Чемпионати  Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3

«Панҷшер» – «Регар-ТадАЗ» – 0:1

Гол: Нозим Бобоҷонов, 70.

«Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ): Куайе Годсон, Шероз Абдуллоев, Мӯҳсин Қосимов, Абдулатиф Тоҷиахмедов, Маҳмадраҷаб Ҷобиров, Маҳмуд Ғаюров (Аминҷон Ҳотамов, 83), Собирҷон Холматов (Шоҳрух Раҷабматов, 59), Ҳасан Холов, Шавкат Худойназаров, Ҷӯрабек Юсуфов, Хайриддин Тӯрахонов (Хуршед Абдуллоев, 83).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Фатҳулло Бобоев, Ёқуб Ахмедов, Алишер Холмуродов, Саидамири Саидаҳмад, Далер Шомуродов, Сафаралӣ Каримов, Расул Файзов, Нозим Бобоҷонов (Акбари Шелдорӣ, 90+3), Ҳикматулло Расулов (Шерзод Маҳамадиев, 68), Ҳасан Рустамов, Наврӯз Рустамов.

ОгоҳӣҲасан Холов, Абдулатиф Тодҷиахмедов («Панҷшер»), Шерзод Маҳамадиев, Сафаралӣ Каримов («Регар-ТадАЗ»).

Бозингари беҳтаринНозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ»).

Довари майдонХусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Нозири доварон: Дилшод Назипов (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Шавкат Ахмедов (Душанбе).

21 апрел. Ҷалолиддин Балхӣ. Варзишгоҳи  Уктам Маматова. 3500 тамошобин

«Хуҷанд» – КМВА «Помир» – 1:1

ГолҳоШарафҷон Солеҳов, 57 (0:1). Асилҷон Бегимқулов, 80 (1:1).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Давид Купатадзе, Асилҷон Бегимқулов, Манучеҳр Ахмедов, Давронҷон Эргашев, Фирдавс Чақалов, Торнике Джимшелеишвили, Комрони Мирзонажод (Дилшод Восиев, 46), Бахтиёр Чориев, Хоҷибой Зиёев, Ҷаҳонгир Эргашев, Турсуналӣ Рустамов (Дилшод Бозоров, 63).

КМВА «Помир» (Душанбе): Егор Хохлов, Бахтиёр Азимов, Доробҷон Эргашев, Идибек Ҳабибуллоев, Комрони Мирзохон, Алиҷон Кароматуллозода, Шарафҷон Солеҳов (Шервони Мабатшоев, 90+2), Шамсиддин Қосимов, Абдулмӯмин Забиров, Далер Ёдгоров (Оятулло Сафаров, 74), Эйя Эдвард (Шодибек Ғаффоров, 84).

ОгоҳӣМанучеҳр Ахмедов, Хоҷибой Зиёев («Хуҷанд»), Алиҷон Кароматуллозода, Эйя Эдвард (КМВА «Помир»).

Бозингари беҳтаринЕгор Хохлов (КМВА «Помир»).

Довар дар майдон: Насрулло Кабиров (Норак).

Нозири доварон: Турдибек Хушназаров (Гулистон).

Комиссари бозӣ: Нуралӣ Хоркашев (Душанбе).

21 апрел. Хуҷанд. Варизшгоҳи  «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 1500 тамошобин.

«Хатлон» – «Истаравшан» – 2:1

ГолҳоКароматулло Саидов, 14 (1:0). Равшан Азизов, 48 (2:0). Фирӯз Қараев, 62 – аз пеналтӣ (2:1).

«Хатлон» (Бохтар): Шаҳром Исмоилов, Ҳусейн Нурматов, Наимҷон Иброҳимзода (Муҳаммад Насков, 90+2), Равшан Азизов, Эраҷ Раҷабов (Алишер Салимов, 80), Худойдод Узоқов, Сорбон Авғонов, Маҳмадалӣ Содиқо (Алишер Баротов, 67), Абдухалил Боронов, Нуриддин Ҳамрокулов, Кароматулло Саидов.

«Истаравшан» (Истаравшан): Қурбоналӣ Бобоев, Тулқинҷон Умаров, Азизҷон Шамсиев, Қаҳрамон Ҳамидов, Фирӯз Қараев, Абдураҳмон Қурбонов (Насим Расулов, 60), Отабек Каримов, Ҷамшед Ҳасанов, Диловар Бойқӯзиев (Муҳаммадалӣ Азизбоев, 82), Бахтовар Зокиров, Илхомҷон Баротов.

ОгоҳӣРавшан Азизов, Маҳмадалӣ Содиқов, Ҳусейн Нурматов («Хатлон»), Қаҳрамон Ҳамидов, Илхомҷон Баротов («Истаравшан»).

Бозинагри беҳтарин: Кароматулло Саидов («Хатлон»).

Довар дар майдон: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

Нозири доварон: Абдулло Алимов (Ҳамадони).

Комиссари бозӣ: Беҳрӯз Айниддинзода (Бохтар).

21 апрел. Бохтар. Варзишгоҳи  «Пахтакор». 2000 тамошобин.

«Кӯктош» – «Истиқлол» – 2:2

Голҳо: Муҳиддин Одилов, 4 (1:0).  Муҳиддин Одилов, 10 (2:0).  Шаҳром Самиев, 31 (2:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 88 – аз пеналтӣ (2:2).

«Кӯктош»  (Рӯдакӣ): Беҳрӯз Хайриев, Аҳтам Холбоев, Принс Артур, Холмурод Назаров, Султоншо Мирзоев, Нодирбек Иброҳимов (Мунир Давлатбеков, 32), Бунёд Шодиев, Муҳиддин Одилов (Азизбек Султонов, 85), Мӯҳсин Абдуғаффоров (Баҳром Урозов, 76), Амирҷон Сафаров, Абдурасул Раҳмонов.

«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Шаҳром Сулаймонов, Бахтиёр Қаландаров, Зоир Ҷӯрабоев (Ҷалил Кимсанов, 30), Табрези Давлатмир, Муҳаммадҷон Раҳимов (Фатҳулло Фатҳуллоев, 54), Комрон Турсунов, Эҳсони Панҷшанбе, Амирбек Ҷӯрабоев (Алишер Ҷалилов, 30), Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев.

Огоҳӣ: Беҳрӯз Хайриев, Амирҷон Сафаров, Холмурод Назаров, Мӯҳсин Абдуғаффоров, Бунёд Шодиев  («Кӯктош»), Зоир Ҷӯрабоев, Шаҳром Самиев, Эҳсони Панҷшанбе  («Истиқлол»).

Бозигари беҳтарин: Муҳиддин Одилов («Кӯктош»).

Довар дар майдон: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

Нозири доварон: Баҳром Саъдуллоев (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Эраҷ Носеҳов (Душанбе).

22 апрел. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи  «Нефтяник». 7500 тамошобин

 

Нишонзанҳои беҳтарин: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), Бахтовар Зокиров («Истаравшан») –3 тӯб, Абдурасул Раҳмонов, Муҳиддин Одилов (ҳар ду аз «Кӯктош»), Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Собирҷон Холматов («Панҷшер»), Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ») – 2 тӯбӣ.

Апрель 23, 2019 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Дар рӯзи дуюми мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 1 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни -73 кг медали нуқра ба даст овард
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни -73 кг ба финал баромад
Имконияти рушди ҷудо дар Тоҷикистон дар мулоқот бо мудири кулли Федератсияи байналмилалии ҷудо баррасӣ шуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 3 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Обид Ҷебов дар вазни -66 кг соҳиби медали нуқра гардид
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Муллораҷаб Халифаев медали биринҷии мусобиқаро ба даст овард
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни -60 кг медали тилло ба даст овард
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни -60 кг ба финал роҳ ёфт
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Ҳақдод Гулов барои медали биринҷӣ мубориза мебарад
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Муллораҷаб Халифаев барои медали биринҷӣ мубориза мебарад