Имшаб чемпионҳои Осиё Дилшод Назаров ва Баҳодур Усмонов ба Ватан бармегарданд
ДУШАНБЕ, 29.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имшаб, 29 апрели соли 2019, соати 22:30 дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҳавопаймои варзишгарони маъруфи тоҷик, чемпиони панҷкаратаи Осиё Дилшод Назаров ва чемпиони бозиҳои Осиё оид ба бокс Баҳодур Усмонов фуруд меояд. Дар ин бора корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тавре қаблан хабар дода будем, варзишгари маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров дар мусобиқаи гурзандозии Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук, ки дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор гардид, аз ҳамаи рақибонаш пеш гузашта, унвони чемпиониро соҳиб шуд.
Бояд зикр кард, ки Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 76,14 метр ҳаво дода, соҳиби медали тиллои Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук гардид. Зинаи дуюм насиби Ашраф Ал-Сайфии қатарӣ гардид. Сӯҳроб Хоҷаеви тоҷик, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Ӯзбекистон баромад мекунад, дар ин мусобиқаи фароқоравӣ ба гирифтани мақоми сеюм мушарраф гардид.
Ёдовар мешавем, ки варзишгари маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Д. Назаров бори панҷум аст чемпиони Осиё мешавад. Ӯ солҳои 2009, 2013, 2015, 2017 ва 2019 ба ин натиҷа ноил гардидааст. Мавсуф барандаи 2 медали нуқра — солҳои 2005 ва 2007 ва як медали биринҷии Чемпионати Осиё дар соли 2003 низ мебошад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 1 медали тилло дар ҷои 13-ум қарор гирифт. Умуман, варзишгарони 20 давлати қора ба гирифтани медалҳои Чемпионати Осиё даст ёфтанд.
Варзишгари маъруфи дигари тоҷик Баҳодур Усмонов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Бангкоки Тайланд дар вазни 64 кг миёни мардон чемпиони Осиё шуд. Баҳодур Усмонов дар вохӯрии ниҳоӣ бар варзишгари Урдун — Обада Ал-Касбе ғолиб омад.
Ёдовар мешавем, ки Баҳодур Усмонов дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм бар варзишгари Япония Далсуки Нариматсу, дар чорякфинал бар муштзани Туркманистон Туғрулбег Паззиев ва дар нимфинал бар варзишгари Қазоқистон Саматалӣ Толтаев ғалаба кард.
Бояд зикр кард, ки Баҳодур Усмонов таҳти роҳбарии мураббии маъруф Мирзо Шамсиев тамрин мекунад ва моҳи феврали соли равон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қирғизистон низ соҳиби медали тилло гардида буд. Баҳодур баъд аз 8 сол медали тиллои Чемпионати Осиё оид ба боксро ба Тоҷикистон овард.
Хотиррасон менамоем, ки соли 2011 муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнусов дар вазни 56 кг дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ ба унвони чемпиони Осиё даст ёфта буд. Ҳамчунин Ҷаҳон Қурбонов соли 2008 ва Мавзуна Чориева соли 2010 чемпиони Осиё оид ба бокс гардида буданд.
Ҳамаи кормандони ВАО-и кишвар, ҳаводорону дӯстдорони варзишро ба маросими истиқболи чемпионҳои Осиё Дилшод Назаров ва Баҳодур Усмонов даъват менамоем.








Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд






