Каратэчиёни ҷавони тоҷик дар Чемпионати Осиё сазовори 2 медали биринҷӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 29.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони ҷавони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба каратэ сазовори ду медали биринҷӣ шуданд. Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, Чемпионати Осиё оид ба каратэ (WKF) миёни наврасон, ҷавонон ва ҷавонони то 21-сола аз 26 то 28 апрел дар шаҳри Кота Канабалуи Малайзия доир гашт. Дар чемпионат 409 нафар варзишгарон (120 нафар миёни наврасон, 135 нафар миёни ҷавонон, 154 нафар миёни ҷавонони то 21-сола) аз 31 давлати қора иштирок карданд.
Хотиррасон менамоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 6 нафар варзишгар: Нодирбек Қулматов, Асадбек Фаттоев, Умед Сафаров (миёни ҷавонони то 17-сола), Муҳаммад Тешаев, Ҳоҷиқурбон Маҳмадов, Абдулваҳоб Шаропов (миёни ҷавонони то -21-сола) намояндагӣ карданд.
Бояд зикр кард, ки медалҳои биринҷиро дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Асадбек Фаттоев дар вазни -68кг ва Умед Сафаров дар вазни -76кг миёни ҷавонони то 17-сола ба даст оварданд. Нодирбек Қулматов дар вазни -61кг ҷои 7-умро ишғол кард.
Миёни ҷавонони то 21-сола натиҷаи беҳтарро Муҳаммад Тешаев нишон дод. Ӯ дар вазни -55кг ҷои панҷумро ишғол кард.








Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод






