Марҳилаи аввали амалиёти «Нелегал — 2019» оғоз гардид

Апрель 9, 2019 16:20

ДУШАНБЕ, 09.04.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Дар асоси нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунии «Нелегал — 2019» дар ҳудуди давлатҳои аъзои СААД амалиёти минтақавии «Нелегал» имсол дар се марҳила гузаронида мешавад.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба ин муносибат дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ҷаласа доир гардида, дар он зикр  карда шуд, ки марҳилаи аввали ин амалиёт бо номи «Нелегал — баҳор» аз 9 то 12 апрел бо ҷалби қувва ва ҳайати шахсии сохторҳои масъули Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Мақсад аз гузаронидани амалиёти «Нелегал — баҳор», пеш аз ҳама, муайян намудани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, вайрон кардани қоидаҳои омаду рафт, будубош ва фаъолияти меҳнатии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тавре масъулини Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ иброз доштанд, марҳилаи аввал дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақа ва ноҳияи Рашт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сурат мегирад.

Апрель 9, 2019 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд