Нурсултон мизбони ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон мегардад

Апрель 8, 2019 15:55

ДУШАНБЕ, 08.04.2019/АМИТ «Ховар»/. 9 апрел дар пойтахти Қазоқистон-шаҳри Нурсултон ҷаласаи 15-уми  Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ доир мегардад.

Дар ин росто имрӯз дар шаҳри Нурсултон ҷаласаи навбатии кории Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодию тичоратӣ ва илмию техникӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои ҳарду давлат иштирок намуданд.

Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки  дар ҷаласа ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ҳифзи муҳити зист, рушди минтақаҳо, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, илм, фарҳанг, сиёсати ҷавонон, варзиш, кишоварзӣ, энергетика, сайёҳӣ ва нақлиётро  баррасӣ  намуданд.

Мусаллам аст, ки ҳамраисии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистонро оид ба ҳамкории иқтисодӣ аз ҷониби Тоҷикистон муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид  ба уҳда дорад.

Апрель 8, 2019 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад