ОБУ ҲАВО: имрӯз ҳавои Тоҷикистон боронӣ мешавад

Апрель 9, 2019 08:14

ДУШАНБЕ, 09.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани  борон  дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар  шарқи вилоят  ҳавои абрноки бебориш мешавад.  Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 5-10 ва  рӯзона 14-19  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   5-10 дараҷа сард шуда, рӯзона  ҳаво 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои абрнок  шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона дар  баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр  барф меборад. Раъду  барқ ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб   бо суръати   4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 12-17  ва  рӯзона 19-24 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 ва  рӯзона  11-16  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад.  Раъду  барқ ба амал меояд.  Боридани  жола низ дар назар аст.     Ҳаво дар водиҳо шабона 13-18  ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  8-13   ва   рӯзона 17-22 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ   ҳавои абрнок шуда,  борони кӯтоҳмуддат меборад.    Дар  баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор  метр барф меборад. Рӯзона  дар баъзе ноҳияҳо борони  бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани  жола дар назар буда, дар ағбаҳо туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11-16  ва рўзона 23-28 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 2-7  ва  рўзона 16-21  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар  шаҳри Душанбе  абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар  охири рӯз  борон шиддат гирифта, раъду барқ ба амал меояд.     Шамол аз самти ғарб  бо  суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  шабона 12-14  ва рӯзона 25-27  дараҷа гарм мешавад.

Апрель 9, 2019 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст