ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо борон меборад

Апрель 10, 2019 08:14

ДУШАНБЕ, 10.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда  шуда, дар баъзе минтақаҳо    борон меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар  шарқи вилоят  боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 4-9 ва  рӯзона 14-19  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   2-7 дараҷа сард шуда, рӯзона  ҳаво 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои абрнок  шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона дар  баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр  барф меборад. Раъду  барқ ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб   бо суръати   4-9  ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 12-17  ва  рӯзона 18-23 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6  ва  рӯзона  11-16  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад.  Раъду  барқ ба амал меояд.  Боридани  жола низ дар назар аст.     Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16  ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  9-14   ва   рӯзона 17-22 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ   ҳавои абрнок шуда,  борон меборад.    Дар  баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор  метр барф меборад.   Дар  баъзе ноҳияҳо борони  бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани  жола дар назар буда, дар ағбаҳо туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11-16  ва рўзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 5-10  ва  рўзона 13-18  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар  шаҳри Душанбе  тағйирёбанда шуда, рӯзона бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб  бо  суръати 3-8  ва ҳангоми раъду барқ бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  шабона 12-14  ва рӯзона 22-24  дараҷа гарм мешавад.

Апрель 10, 2019 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МЕРОСИ МО». Муассисаи фарҳангии ЭКО нахустин ҷашнвораи байналмилалии аксбардории мобилӣ баргузор менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
27 июл дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Имрӯз дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад