ОФАРИН! Дастаи мунтахаби то 15-солаи Тоҷикистон соҳиби Ҷоми «Роҳи абрешим-Ҳуа-Шан-2019» гардид

Апрель 11, 2019 08:15

ДУШАНБЕ, 11.04.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Дастаи  мунтахаби наврасони то 15-солаи Тоҷикистон  дар даври охирини мусобиқаи байналмилалии Ҷоми “Роҳи абрешим – Ҳуа Шан” (Silk Road – Hua Shan Cup-2019) бо дастаи мунтахаби Чин вохӯрда, бозиро бо натиҷаи 0:0 ҷамъбаст кард ва дар маҷмӯъ соҳиби Ҷом гардид.

Шогирдони Аҳлиддин Турдиев дар силсилаи рақобатҳо бар Қирғизистон бо натиҷаи 8:0 ва бар Мйанма 5:0 пирӯзӣ ба даст оварданд.

Дар расми ҷамъбасти мусобиқа ба футболбозони навраси тоҷик  Ҷоми мусобиқа тақдим гардид. Ҳамчунин унвони беҳтарин дарвозабон ба Сафармад Ғаффоров, беҳтарин ҳамлагар ба Абдулфаттоҳ Худойдодзода ва беҳтарин нишонзан ба Муҳаммадворис Сайдалиев мансуб дониста шуд.

Иштирок дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми “Роҳи абрешим – Ҳуа Шан” (Silk Road – Hua Shan Cup-2019) яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё ба ҳисоб меравад.

Апрель 11, 2019 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод