ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: то 11 апрел дар Тоҷикистон боронҳои пуршиддат борида, раъду барқ ба амал меояд

Апрель 9, 2019 10:43

ДУШАНБЕ, 09.04.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, шурӯъ аз имрӯз то 11 апрел дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гардида, боридани боронҳои пуршиддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Тавре аз Агентӣ зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ боронҳои шиддатнок борида, раъду барқ ба амал меояд.

Имрӯз, 9 апрел дар натиҷаи ба амал омадани раъду барқ вазиши шамол шиддат ёфта, то ба 17-22 метр дар як сония мерасад.

Дар натиҷаи боришоти зиёде, ки ба дарёҳои қаторкӯҳи Ҳисор, инчунин дарёҳои Ёхсу, Қизилсӯ, Кофарниҳон, Элок, Сурхоб ҷорӣ мешаванд, баландшавии якбораи сатҳи об дар назар дошта шуда, эҳтимоли омадани сел пешбинӣ мешавад.

Аз 9 то 11 апрел дар ноҳияҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, ғарби ВМКБ (дар баландии 2500м) ва роҳҳои мошингарди  «Душанбе — Хуҷанд», «Душанбе — Хоруғ», «Хоруғ — Ғунт», «Хоруғ — Ишкошим», «Хоруғ — Мурғоб» ва «Рӯшон — Бартанг» эҳтимоли резиши санг зиёд аст.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар натиҷаи боронҳои шадид хавфи лағжиши тарма, омадани сел ва резиши санг дар назар аст.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолии мамлкат хоҳиш мекунад, ки аз сафар ба мавзеъҳои селрезу тармахез худдорӣ кунанд, муддате то эътидоли ҳаво ба кӯҳу доманакӯҳҳо низ барои омода кардани ҳезуму алаф ё чаронидани чорво нараванд.

Ёдовар мешавем, ки ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ва ё ягон ҳодисаи нохуш  шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои бахши навбатдории КҲФ: 93 880 28 19; 221-91-19; 223-13-11 муроҷиат намоянд.

Апрель 9, 2019 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст