Ҷоми пойтахт — 2019 насиби Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов гардид

Апрель 29, 2019 08:50

ДУШАНБЕ, 29.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. 27 апрел ба ифтихори Рӯзи пойтахт дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявии   гӯштини миллӣ барои дарёфти Ҷоми пойтахт — 2019 бо иштироки беҳтарин паҳлавонони   мамлакат  баргузор шуд.  Тафсилоти бештари мавзӯъ аз шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.   

Дар мусобиқа, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил шуд, беш аз 80 нафар варзишгарони беҳтарини ҷумҳурӣ аз рӯи ду категорияи вазнӣ: -80 кг ва +80 кг барои ба даст овардани ҷойҳои намоён гӯштин гирифтанд.

Дар категорияи вазнии -80 кг варзишгари шинохтаи  тоҷик, чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрӯз Хоҷазода пирӯз шуд. Ӯ дар даври ниҳоӣ бар Саидмухтор Расулов ғолиб омад. Ҷои сеюмро Ҳақаназар Назаров пас аз пирӯзӣ бар Раҳматуллобек Фарҳодов ба даст овард.

Дар вазни +80 кг паҳлавони ҷавону умедбахши тоҷик  Темур Раҳимов ғалаба кард. Темур, ки ҳафтаи гузашта дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо дар вазни +100 кг сазовори медали нуқра гардид, дар финал паҳлавони дигари шинохтаи тоҷик  Шакармамад Мирмамадовро шикаст дод. Паҳлавони  маъруфи ҷумҳурӣ Комроншоҳ Устопириён дар ин мусобиқа ҷои сеюмро ишғол кард. Ҳарифи Комроншоҳ дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Саидҷалол Саидов аз мусобиқа даст кашид.

Ёдовар мешавем, ки    Мусобиқаи ҷумҳуриявии   гӯштини миллӣ барои дарёфти Ҷоми пойтахт – 2019  дар  сатҳи баланду  хотирмон сурат гирифта, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба ғолиби ҷои аввал Шоҳҷоиза – мошин, барои ҷои дуюм мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ва барои ҷои сеюм мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ тақдим гардид.

 

Апрель 29, 2019 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд