Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Рашт майдончаи варзишӣ бунёд мекунад
ДУШАНБЕ, 20.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Рашт майдончаи варзишии муосир ба истифода дода мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ин иқдом бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин бо мақсади рушди соҳаи варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дастгирии ҷавонони дурдасти деҳот роҳандозӣ мегардад.
Мавриди зикр аст, ки бо иқдоми варзишпарварона ва ташаббуси наҷиб дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш Рустами Эмомалӣ чанд соли охир корҳои назаррас ба сомон расонидааст.
Ин ташаббусҳои Президенти Федератсияи футболи Тоыикистонро ба инобат гирифта, Шӯрои Конфедератсияи футболи Осиё ӯро соли 2018 ба узвияти худ пазируфт.
«Майдончаи варзишии мазкур дар доираи лоиҳаи махсуси Шӯрои олимпии Осиё бо тамоми шароити муосир сохта мешавад»,-илова намуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки соли равон бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ на танҳо дар шаҳри Душанбе, инчунин дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ 8 майдончаи замонавӣ бунёд карда мешаванд.








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






