Шукурҷон Зуҳуров дар назди иштирокчиёни ҷаласаи 140-уми Иттиҳоди Ассамблеяи Байнипарлумонӣ дар Қатар сухан гуфт

Апрель 8, 2019 09:05

ДУШАНБЕ, 8.04.2019 /АМИТ«Ховар»/ Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба Давлати Қатар Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  дар назди иштирокчиёни  ҷаласаи 140-уми Иттиҳоди Ассамблеяи Байнипарлумонӣ, ки дар шаҳри Довҳаи Давлати Қатар ҷараён дорад, сухан гуфт.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз Давлати Қатар хабар дод,  дар кори ҷаласаи  Иттиҳоди  Ассамблеяи Байнипарлумонии мазкур намояндагони 180 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров зимни сухангӯӣ аз минбари баланди Ассамблеяи мазкур, аз ҷумла чунин гуфт:

— Тавре ки маълум аст, дар давраи баъди ҷаласаи гузашта то имрӯз дар минтақаи фарогири Иттиҳод ва умуман дар сайёраи замин, ки хонаи умумии мову шумо мебошад, ҳам аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати иҷтимоию фарҳангӣ рӯйдодҳое ба вуқӯъ пайвастанд, ки аксарияти кулли кишварҳои аъзои Иттиҳоди байнипарлумонӣ аз ин воқеаҳо дар канор намондаанд.

Бо ин манзур ҳамоиши имрӯзаи мо имкони мусоид фароҳам овардааст, то тавонем масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи Иттиҳоду кишварҳои аъзои онро муҳокима намуда, ба вазъият баҳои воқеӣ диҳем ва самтҳои минбаъдаи фаъолиятамонро бо назардошти ниёзмандиҳои мардумонамон мушаххас гардонем.

Мутаассифона, минтақаи фароху доманадори фаъолияти Иттиҳоди мо имрӯз ба яке аз марказҳои даргирии шадиду авҷи бесобиқаи нангинтарин падидаҳои ҷаҳони муосир – терроризми байналмилалӣ ва зӯровариву экстремизм мубаддал гаштааст.

Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн карда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносибатҳои байналмилалӣ таъсиргузор мегарданд.

Мавҷи бесобиқаи терроризм ва ифротгароӣ феълан ба хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавӣ ба бор меорад.

Возеҳ аст, ки ягон давлати дунё новобаста аз  ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва тавонмандиҳои ҳарбию низомияш наметавонад ба танҳоӣ дар рӯ ба рӯи хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир истодагарӣ намояд.

Аз ин рӯ, мубориза алайҳи падидаҳои зикргардида аз ҳамаи мо– тасвибгарон ва ҳимояткунандагони низоми қонунии кишварҳо андешидани тадбирҳои ҷиддӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалиро дар ин ҷода шадидан тақозо мекунад.

Таҷрибаи байналмилалӣ ва ватанӣ дар мубориза бо терроризм исбот менамояд, ки барои дар ин кор муваффақ гаштан маҷмӯи тадбирҳои қонунгузорӣ ва пешгирикунандаро андешидан ва амалӣ намудан зарур мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари давлатҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ аз рӯи мавқеи ҷуғрофияш хатари терроризмро ба амнияти миллии худ бештар эҳсос менамояд ва нисбат ба терроризму экстремизм мавқеи шаффоф дошта, ҳадафҳои худро дар Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои давраи солҳои 2016-2020 нишон додааст.

Вазъи ногувору давомдори ҳарбию сиёсӣ дар кишвари ҳамсоя вазъро ҳассос намудааст.

Аз ҷониби дигар роҳ ёфтани террористони созмони ба ном «Давлати исломӣ» ба Афғонистон ва амалӣ шудани шаклҳои гуногуни ҷинояткории фаромиллӣ: гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, одамрабоӣ, савдову қочоқи силоҳ, ки яке аз сарчашмаҳои маблағгузории созмонҳои ҷиноятпеша ҳисобида мешаванд, масъаларо боз ҳам мураккаб месозад.

Тоҷикистон стратегияи байналмилалӣ ҷиҳати ҳаллу фасли проблемаҳо ва бозсозии баъд аз низоъ дар Афғонистонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Мо бояд мусоидати худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳким бахшем. Омили муҳим дар ин самт ҷалби ин кишвар дар раванди ҳамгироии минтақавӣ аз тариқи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо давлатҳои ҳамсоя мебошад. Мо аҳамияти бузурги татбиқи лоиҳаҳои нақлиётӣ, коммуникатсионӣ ва энергетикиро, ки дар рушди ҳамкории иқтисодии минтақавӣ мусоидат менамоянд, таъкид мекунем.

Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари фаъолона ширкат варзиданаш дар иттиҳоди кишварҳое, ки бо терроризм мубориза мебаранд, ба он назар аст, ки талошҳо барои пойдории амният ва субот дар минтақа ва ҷаҳон муттаҳид карда шаванд.

Аммо баъзе аз кишварҳо бар хилофи ҳамгироиҳои байналмилалӣ бо истифода аз сиёсати духўра созмону ҳаракатҳоеро, ки террористӣ ва экстремистӣ эълон шудаанд пуштибонӣ намуда, кўшиш менамоянд, ки онҳоро ба неку бад ҷудо намоянд. Ин шинохт мухолиф ба принсипҳои муборизаи якҷоя бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад. Чунончи, соли 2015 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон»-ро бо далелу аснод «ташкилоти террористию экстремистӣ» эълон намудааст, вале баъзе аз кишварҳои аврупоӣ то ҳол ба ин гурўҳ шароит фароҳам меоранд, ки бар зидди давлату Ҳукумати Тоҷикистон фаъолият намоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

Бо назардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ва пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкории густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем.

Моҳи майи соли 2018 бо ин мақсад дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез муваффақона баргузор гашт. Конференсияи Душанбе собит намуд, ки дар марҳилаи кунунӣ барои ҳар як давлат ҳамгироии комил бо ҷомеаи ҷаҳон, сохторҳои байналмилалию минтақавӣ ва таҳкими ҳамкории фарогир муҳим мебошад.

Ҷониби Тоҷикистон бар он ақида аст, ки иқтидори бузурги ҳамгироии иқтисодӣ, ки дар дохили Иттиҳоди байнипарлумонӣ мавҷуд аст, моро имконият медиҳад, то дар ин самт ба фаъолиятамон такони тоза бахшем. Ҳамзамон ба масоили тавсеаи минбаъдаи ҳамкории башардӯстонаву фарҳангӣ, илму маориф, иттилоотию техникӣ, бехатарии экологӣ ва дигар масъалаҳое, ки барои густариши ҳамкорӣ шароити мусоид фароҳам меоранд,таваҷҷуҳ зоҳир намоем.

Ба ҳамагон маълум аст, ки захираҳои об барои таъмини ҳаёт, фаъолият, ғизо ва тандурустии инсон, инчунин барои муҳити зист ва ҳифзи экосистемаҳо муҳим арзёбӣ мегарданд. Дар тӯли даҳсолаҳои охир таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба кураи Замин бештар меафзояд.

Тавре ки шумо огоҳӣ доред, Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба обро дар рӯзномаи ҷаҳонӣ ба таври фаъол пеш мебарад. Як зумра  ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии васеи ҷомеаи ҷаҳониро пайдо кардаанд. Соли гузашта раванди татбиқи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне Даҳсолаи байналмилалии  амалиёти “Об барои рушди устувор, 2018-2028” оғоз гардид. Он барои ноил шудан ба ҳадафҳо ва мақсадҳои устувори марбут ба об, ки заминаи васеъ ва босазоро барои таҳкими зарфият дар асоси таҷрибаи ҷамъшуда дар ин соҳа фароҳам меорад, нигаронида шудааст.

Аз ин лиҳоз, мо аз ҳамаи иштирокчиён барои ҳамкории зич дар чаҳорчӯбаи Даҳсолаи об ва татбиқи он даъват ба амал меоварем.

Мо, вакилони Парлумон барои муваффақ шудан ба рушди устувор, аз ҷумла идоракунии устувори захираҳои об тариқи мусоидати фаъолона ба таҳияи заминаи ҳуқуқӣ ва чаҳорчӯби зарурӣ метавонем саҳмгузор бошем.

Дар хотима изҳори умедворӣ менамоям, ки дар ҷаласаҳои мо қарорҳое қабул мешаванд, ки ба раванди ғанӣ гардонидани мазмуну моҳияти ҳамкории кишварҳои мо дар доираи Иттиҳоди байнипарламентӣ мусоидат намуда, эътимоди мутақобила, сулҳу субот ва некӯаҳволии мардумони кишварҳои аъзоро таҳким хоҳанд бахшид.

Апрель 8, 2019 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҳмадалӣ Ватанзода бо ҳайати вакилони Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия мулоқот намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати парлумони Бундестаг мулоқот доир шуд
Дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии муколамаи байнифарҳангӣ дар Боку конфронси байнипарламентӣ доир шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Разес Фарма» созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
«ЗАХИРАҲОИ ОБ ВА УСТУВОРИИ ДЕМОГРАФӢ БА МАНФИАТИ ҶАВОНОН». Дар Душанбе Форуми байналмилалии парламентӣ доир мешавад
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» ҳамоиш баргузор гардид
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид гардид
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд