Шукурҷон Зуҳуров дар шаҳри Давҳа бо фаъолияти маркази «Мол Қатар» шинос шуд
ДУШАНБЕ, 06.04.2019./АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмӣ дар Давлати Қатар Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳайати ҳамроҳони ӯ вакилони Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода, Абдуғаффор Раҳмонзода ва Дилрабо Мансурӣ ба маркази тиҷоратии «Мол Қатар» (Mall of Qatar ) ташриф оварда, бо фаъолияти ин марказ шинос шуданд.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов аз Давлати Қатар, дар маркази тиҷоратии «Мол Қатар» Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамроҳони ӯро Раиси иҷроияи ин маркази тиҷоратӣ Макрам Дарвозиев истиқбол намуда, ба онҳо роҷеъ ба таърихи ташаккул, фаъолият ва дастовардҳои «Мол Қатар» маълумоти мукамал дод.
Таъкид гардид, ки дар маркази мазкур нуҳ бонки калонтарини ҷаҳон ва чаҳор ширкати сайёҳии байналмилалӣ намояндагиҳои худро ифтитоҳ намуда, бо Давлати Қатар ҳамкориҳои судмандеро ба роҳ мондаанд. Ҳамчунин дар дохили ин марказ ширкати «Калифур» — яке аз пурнуфузтарин ширкатҳои дунё фаъолият менамояд,
Сохтмони қисмати дуюми бинои «Мол Қатар» аз моҳи июли соли ҷорӣ оғоз гардида, тибқи нақша дар ин ҷо боз як меҳмонхонаи панҷситорадор, биноҳои истиқоматӣ барои 1200 ҷой, мактаби байналмилалӣ барои 1400 нафар толибилм ва макони фарҳангӣ барои куӯакон сохта мешаванд.
Раиси иҷроияи ин маркази тиҷоратӣ Макрам Дарвозиев ҳамчунин иттилоъ дод, ки тамоми он корҳое, ки мо анҷом дода мешаванд, дар доираи омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, ки соли 2022 дар Давлати Қатар баргузор мегардад, сурат мегиранд.
Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқот бо Раиси иҷроияи ин маркази тиҷоратӣ Макрам Дарвозиев иброз намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон сохтмони иншоотҳои бузурги ҷашнӣ ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфта, бо шарофати сиёсати бобарори иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама корҳои созандагию бунёдкорӣ амалӣ мегарданд.
Пас аз шиносоӣ бо маркази тҷоратии «Мол Қатар» Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо нишони эҳтиром нисбат ба таъриху фарҳанг ва мардуми ин кишвар ба раиси ин марказ туҳфаи хотиравӣ супурда, ба ин кишвари ба мо дӯст шукуфоӣ ва ба халқи бародари Қатар саодатмандӣ орзу намуд.









Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






