Темур Раҳимов ва Комроншоҳи Устопириён дар Чемпионати Осиё соҳиби медали нуқра шуданд

Апрель 23, 2019 08:55

ДУШАНБЕ, 23.04.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Ду  паҳлавони  маъруфи  тоҷик Темур Раҳимов ва Комроншоҳи Устопириён   дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо, ки  аз 20 то 23 апрел дар шаҳри Фуҷайраи Амороти    Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, сазовори медалҳои нуқра гардиданд. Тафсилоти бештари мавзӯъ аз шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.   

Дар рӯзи сеюми рақобатҳои Чемпионати Осиё оид ба дзюдо  4 варзишгари тоҷик ба майдони рақобат баромаданд. Дар вазни ҷамъи 100 кг Тоҷикистонро 2 паҳлавон – Шакармамад Мирмамадов ва Темур Раҳимов намояндагӣ карданд. Темур Раҳимов дар даври аввал озод буд. Ӯ дар даври дуюм рақиби араб — Ракан Зайдан ва дар даври сеюм ҳарифи муғулаш — Дууренбайар Улзибайарро шикаст дода, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Темур пас аз шикаст додани рақиби қирғизи худ -Юрий Краковетский ба даври ниҳоӣ баромад. Дар финал Темур Раҳимов аз Ким Сунгмини кореягӣ мағлуб шуда, соҳиби нишони нуқраи Чемпионати Осиё гардид. Шакармамад Мирмамадов, ки барои медали биринҷӣ мубориза мебуд, аз рақиби қирғизаш шикаст хӯрд. Ҳамин тавр Темури Раҳимов,  паҳлавони  ҷавони шинохтаи тоҷик бори аввал соҳиби медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба дзюдо гардид. Дар баробари соҳиб шудани зинаи дуюм ӯ соҳиби имтиёзҳои зарурии Бозиҳои олимпии Токио-2020 низ гардид.

Паҳлавони дигари тоҷик Комроншоҳи  Устопириён дар вазни то 90 кг дар даври аввал озод буд. Ӯ дар даври дуюм намояндаи Ӯзбекистон Давлат Бобонов, дар даври сеюм варзишгари  чинӣ Ҳебилиге Буро мағлуб карда, ба даври нимниҳоӣ баромад. Дар рақобати нимниҳоӣ Комроншоҳ варзишгари қазоқ – Ислом Бозбоевро шикаст дода, ба финал роҳ ёфт. Дар финал ӯро рақобат бо варзишгари японӣ Косуке Машияма интизор буд. Аммо, мутаассифона, Комроншоҳ дар ин давр аз Косуке Машиямаи японӣ ноком шуда, соҳиби нишони нуқраи Чемпионати Осиё гардид.

Хотиррасон мекунем, ки солҳои 2016 ва 2017 дар Чемпионати Осиё  Комроншоҳ Устопириён соҳиби медали тилло шуда буд. Ӯ ҳамзамон соли 2015 дар кишвари Кувайт ба гирифтаи ҷои дуюм мушарраф  гардидааст.

Апрель 23, 2019 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми санҷишӣ бар дастаи Лубнон пирӯз шуд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муайян шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозии санҷишӣ баргузор мекунад