ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хуҷанд коргоҳи муосири истеҳсоли равғани баландсифат «Зирвеко» бунёд мегардад

Май 29, 2019 10:07

ХУҶАНД, 29.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар маҳаллаи 30-юми шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд  сохтмони корхонаи  равғанбарории ширкати «Зирвеко»  бомаром идома дорад. Корхонаи  равғанбарорӣ бо истифода аз технологияи муосири ҷаҳонӣ истеҳсоли давлатҳои Чин ва Итолиё бунёд гардида, дар он аз маҳсулоти равғани хом маҳсулоти баландсифати ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои стандартӣ омода менамоянд. Зимни истеҳсол, ба воситаи дастгоҳҳо равған якчанд марҳиларо гузашта, полоиш (филтрасия) ёфта, дар натиҷа ба маҳсулоти  баландсифати  ба саломатии инсон безарар  ва тозаву хушбӯй  табдил меёбад.

Иқтидори истеҳсолии корхона  дар як шабонарӯз 30 тонна буда, он асосан равғани хоми пахта, рапс, зағир ва дигар зироатҳои равғандеҳи истеҳсоли хориҷиро бо сифати баланд коркард намуда, ба харидорон пешниҳод менамояд.

Тавре  мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,  технологияи дар корхонаи  мазкур истифодашаванда дар минтақаи Осиёи Марказӣ беназир аст. Корхонаи  бунёдшаванда аз ҷиҳати истеҳсоли  равғани тозаи баландсифат, аз рӯи шумор 26-умин коргоҳи муосири равғанбарорӣ дар миқёси ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Имрӯзҳо дар коргоҳ дар раванди насби таҷҳозотҳои истеҳсолӣ, ҳамзамон корҳои ободонӣ  идома доранд.

Бино ба иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, корхонаҳои хурду калони саноатии шаҳр  дар семоҳаи аввали соли 2019  54 намуд молҳои воридотивазкунанда истеҳсол намудаанд. Инчунин дар натиҷаи дастгирӣ ва андешидани чораҳои амалӣ дар ин давра 9 адад корхонаҳои аз фаъолият бозмондаи соли гузашта низ ба фаъолият шурӯъ намуда, аз тарафи онҳо ба маблағи 186,5 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст. Ин омил  баҳри ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ ва кам шудани маҳсулоти қаблан воридшаванда шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.

Дар умум, давоми семоҳаи аввали соли равон баҳри рушди соҳаи саноати шаҳр ба маблағи 1,6 миллион сомонӣ сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб гардида, номгӯи намуди маҳсулотҳои истеҳсолшаванда низ афзуда, аз  ҷониби 10 адад корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 40 миллион сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷа содирот карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ба  истиқболи ҷашнӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд тибқи нақша чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр беш аз 500 иншооти аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ дошта бунёд, таъмиру навсозӣ мегарданд. То имрӯз аз шумораи умумии иншоот, наздики  200 иншоот бо таъсиси 1000 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Имрӯзҳо дар маркази вилояти  Суғд вусъати корҳои ободониву созандагӣ дучанд гардида, таваҷҷуҳи бештар ба таъсиси коргоҳҳои истеҳсоли  маҳсулоти воридотивазкунанда равона гардида, ба он эътибори хоса дода мешавад.

Май 29, 2019 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
БАРНОМАИ РУШДИ РОҲҲОИ ОБОДИ ДЕҲОТ. Дар доираи он ба маблағи 123,4 миллион сомонӣ роҳҳои мошингард таъмиру барқарор карда шуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Норак бинои нави муассисаи таълимӣ сохта мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Хатлон соҳаи маориф қариб ду баробар рушд намудааст
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
ДАРКИ АМИҚИ МОҲИЯТИ ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ. Он шарти муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат аст
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад