ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: дар шаҳри Хоруғ сохтмони бинои 12 ошёна барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ босуръат идома дорад

Май 28, 2019 09:55

ДУШАНБЕ, 28.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни  30-солагии   Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 500  иншооти иҷтимоию маишӣ ва хизматрасонӣ бунёд мегардад, ки айни ҳол дар онҳо корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром ҷараён доранд.

Дар назар аст, ки  давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини ин гӯшаи диёр бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, Қасри фарҳанг, ҳаммом, сартарошхона,  кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда шаванд.

Дар маркази маъмурии ВМКБ — шаҳри Хоруғ 94 иншооти таъйиноти мухталиф бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешавад, ки дар онҳо садҳо нафар бошандагони шаҳр бо ҷойи кор таъмин  мегарданд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, айни замон 70 фисади  корҳои сохтмонӣ  дар иншооти ҷашнӣ — бинои Театри миллии шаҳри Хоруғ анҷом дода шуда, аз ҷониби  сохтмончиён 15 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

То ба имрӯз дар корҳои сохтмонии бинои театри мазкур 80 нафар  сокинони махаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Аз рӯи тарҳи меъмории театр бинои он аз чор ошёна иборат буда, ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи дуюм ҷараён доранд. Қисмати сохтмончиён ба  насб ва рангуборкунӣ машғул  буда, қисмати дигар дар ҷараёни андовакунии бино ҳисса гузошта истодаанд.

Тибқи нақшаи таҳрезигардида,  сохтмони бинои театр барои 10 ҳазор нафар ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, дорои таваққуфгоҳ низ мебошад.

Дар шафати  сероҳаи шаҳри Хоруғ сохтмони бинои 12 ошёна барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оғоз шуда, дар қисматҳои якум ва дуюми бино аллакай кор бо самти муайян ва  ҷалби қувваи кории беш аз 40 нафар  сохтмончии маҳаллӣ рафта истодааст.

Инчунин корҳои сохтмонӣ  дар бинои 5 қабатаи  Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ то 60   фоиз ба итмом расонида шудааст.  Алҳол корҳо дар ошёнаи 4-уми бино ҷараён дошта, бинокорон кӯшиш доранд, ки иншооти ҷашниро дар вақти муайянгардида ва  бо сифати баланд ба истифода диҳанд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани чунин биноҳои хуштарҳу замонавӣ симои маркази вилоят-шаҳри Хоруғ боз ҳам  назаррабо гардида, ин гӯшаи диёр ба нигини ҳақиқии Тоҷикистон  мубаддал хоҳад гардид.

                                                       Мавҷуда АНВАРӢ,
                                                                                       АМИТ «Ховар»

Май 28, 2019 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва CIPE баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласа оид ба таҳкими низоми огоҳсозии бармаҳал дар Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои СММ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти мансабдорони аршади CAREC-2026 дар Улан-Батор иштирок менамояд
Дар Душанбе ҷаласаи 53-юми Шурои вазирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор шуд
Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ айни замон 4 лоиҳаро дар соҳаи роҳу нақлиёт амалӣ менамоянд
БАТР: «Тоҷикистон суръати баланди фаъолияти сармоягузориро дар минтақа нигоҳ доштааст»
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар самти геодезия баррасӣ шуд
Шералӣ Кабир иқтидори саноатии Тоҷикистонро дар Муколамаи «C5+1» дар Остона муаррифӣ намуд
Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Неругоҳи барқи обии «Роғун» баргузор шуд
Дар Тоҷикистон нахустин неругоҳи бодӣ бо иқтидори 200 киловатт ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент 1076 иншоот сохта ба истифода дода шудааст
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон доир гардид