ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Мумфаршкунии роҳи Хуҷанд – Палоси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардид
ХУҶАНД, 31,05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 майи соли равон ба мумфаршкунии роҳи Хуҷанд – Палоси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва кӯчаи Саид Валиеви шаҳри Хуҷанд ҳусни оғоз бахшида шуд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ “Ховар” аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, масофаи умумии роҳи мумфаршшавандаи Хуҷанд – Палос 12,3 километр ва паҳноияш 7 метрро ташкил медиҳад. Ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд беш аз 10 миллиону 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, корҳо аз ҷониби ширкати роҳсозии «Тоҷроҳ» амалӣ мегардад. Ҳамзамон, кӯчаи мазкур, ки аз шаҳраки Палос ва маҳаллаи Обшорон мегузарад, то гардиши роҳи Ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чароғон карда мешавад.
Ҳамзамон дар ин рӯз мумфаршкунии кӯчаи ба номи Саид Валиеви маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳри Хуҷанд низ оғоз гардида, барои иҷрои корҳо аз буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 3,6 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Масофаи умумии роҳи мазкур 2,8 километр ва паҳноии он 10 – 11 метрро дарбар мегирад.
Ёдовар мешавем, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд соли равон ба масофаи беш аз 100 километр мумфаршкунии роҳҳои мошингард ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва ашхоси саховатманд низ мумфарш ва таъмиру тармими роҳҳои деҳаву ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо низ дар назар аст. Аз ҷумла, соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд таъмири 35,8 км роҳҳои мошингарди байни биноҳои истиқоматии шаҳракҳо ва дохилии маҳаллаҳо пешбинӣ гардидааст.








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст






