ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Мумфаршкунии роҳи Хуҷанд – Палоси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардид

Май 31, 2019 12:05

ХУҶАНД, 31,05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 майи соли равон ба мумфаршкунии роҳи Хуҷанд – Палоси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва кӯчаи Саид Валиеви шаҳри Хуҷанд ҳусни оғоз бахшида шуд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ “Ховар” аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, масофаи умумии роҳи мумфаршшавандаи  Хуҷанд – Палос 12,3 километр ва паҳноияш 7 метрро ташкил медиҳад.  Ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд  беш аз 10 миллиону 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, корҳо аз ҷониби ширкати роҳсозии «Тоҷроҳ» амалӣ мегардад. Ҳамзамон, кӯчаи мазкур, ки аз шаҳраки Палос ва маҳаллаи Обшорон мегузарад, то гардиши роҳи Ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чароғон карда мешавад.

Ҳамзамон дар ин рӯз мумфаршкунии кӯчаи ба номи Саид Валиеви маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳри Хуҷанд низ оғоз гардида, барои иҷрои корҳо аз буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилоят 3,6 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Масофаи умумии роҳи мазкур  2,8 километр ва паҳноии он 10 – 11 метрро дарбар мегирад.

Ёдовар мешавем, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд соли равон  ба масофаи беш аз 100 километр мумфаршкунии роҳҳои мошингард ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва ашхоси саховатманд низ мумфарш ва таъмиру тармими роҳҳои деҳаву ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо низ дар назар аст. Аз ҷумла,  соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд таъмири 35,8 км роҳҳои  мошингарди байни биноҳои  истиқоматии шаҳракҳо   ва  дохилии  маҳаллаҳо пешбинӣ  гардидааст.

Май 31, 2019 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо дастури Пешвои миллат ба оилаи аз офати табиӣ зарардида дар Кӯлоб хонаи нави истиқоматӣ тақдим гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Суғд 767 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шудааст
Дар Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии пахта муайян карда шуд
Дар Душанбе беш аз 7 ҳазор қуттӣ сигори бе тамғаи аксизӣ ошкор гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ФАРДОИ РАҚАМИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар ноҳияи Муъминобод кишти такрорӣ идома дорад
Озмуни ҷумҳуриявии «Топ-35 — шарики боэътимоди сол» ҷамъбаст гардид
‎Тоҷикистон ва Эрон ҳамкории мутақобили судмандро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ густариш медиҳанд
17 АВГУСТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН. Интиқоли 70 фоизи бор ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
БАРНОМАИ РУШДИ РОҲҲОИ ОБОДИ ДЕҲОТ. Дар доираи он ба маблағи 123,4 миллион сомонӣ роҳҳои мошингард таъмиру барқарор карда шуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Норак бинои нави муассисаи таълимӣ сохта мешавад