5 нафар иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қадрдонӣ шуданд
ХУҶАНД, 07.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон ба ғалабаи халқи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизм, ки ҳамасола 9 май чун Рӯзи Ғалаба таҷлил мегардад, 74 сол пур мешавад. Аз ин лиҳоз бахшида ба ин сана ва пос доштани хотираи ин абармардони майдони ҷанг дар манотиқи гуногуни мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тайи ҳафтаи аввали моҳи май барномаҳои мухталиф ва аёдати ин мардони далер доир гардида истодааст.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Дадабоев роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Акбар Юсуфӣ иттилоъ дод, ҳоло дар ноҳия 5 нафар иштирокчиёни набардҳои солҳои 1941-1945 иқомат доранд. Онҳо ҳамарӯза аз дастгириву кумаки Сарвари давлат ва мақомоти вилоятиву ноҳиявӣ бархӯрдоранд.
Аз ҷумла, дирӯз дар доираи баргузории чорабиниҳои Ҳафтаи поси хотир ба 5 нафар иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кумаки яквақтаи Пешвои миллат супорида шуд.
Аз ҷумла, сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Давлатзода иштирокчиёнро аз номи Президенти мамлакат табрик намуда, бо орзуи бардамию сиҳатмандӣ ба онҳо туҳфаҳои идона супорид.
Инчунин раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ ин абармардони Ватанро табрик намуда, ба онҳо кумаки яквақтаи Раиси вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро тақдим намуд.
Ииштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ — Абдуҳамид Юлдошев, Эшбой Умурзоқов, Аҳмадҷон Ҳобилов, Шарифҷон Ғафуров ва Абдулло Исмоилов барои ғамхориҳои доимии давлату Ҳукумат дуои нек намуданд.








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






