Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми XIV зиёиёни илмию эҷодкори кишварҳои аъзои ИДМ дар Ашқобод иштирок дорад

Май 16, 2019 13:45

ДУШАНБЕ, 16.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 14 майи соли равон дар пойтахти Туркманистон-шаҳри Ашқобод Форуми XIV зиёиёни илмию эҷодкори кишварҳои аъзои ИДМ дар мавзӯи «Фазои ягонаи гуманитарии Иттиҳод: муколама дар бахши фарҳанг, илм ва маориф» ҷараён дорад. Дар  кори он ҳайати зиёиёни тоҷик таҳти роҳбарии президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ иштирок дорад.

Тавре президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ аз шаҳри Ашқобод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ иттилоъ дод, ба ҳайати Тоҷикистон муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода, академик Улмас Мирсаидов, саркотиби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимшо Искандаров, Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода, Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низомов ва Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳомидова шомил мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, дар форум доираҳои илмию фарҳангии кишварҳои аъзои ИДМ муҳимтарин масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои илму маориф ва фарҳангро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Дирӯз дар қисмати ифтитоҳии форум аз Тоҷикистон президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ сухан карда, оид ба зарурат ва роҳҳои таҳкиму густариши робитаҳои илмию фарҳангии байни кишварҳои аъзои ИДМ андешаҳои ҷолиб баён намуд.

Номбурда иброз намуд, ки маҳз илму маориф ва фарҳанг сифати зиндагии инсонро муайян карда, ба манфиатҳои ҳар фард бевосита дахл мекунанд. Ҳалли бисёр масъалаҳои мураккаб, аз ҷумла ифротгароӣ ва терроризм ба чигунагии вазъияти ҳамин соҳаҳо вобастаанд. Муборизаи самарабахш ба муқобили ин бадбахтии умумӣ танҳо тавассути пайравӣ ба ғояҳои олии умумибашарӣ, гуманистӣ ва сарватҳои умумии халқҳо имконпазир мегардад.

«Тоҷикистон ҷонибдори рушди ҳамкории гуманитарӣ дар чаҳорчӯбаи кишварҳои аъзои ИДМ мебошад. Имрӯзҳо зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвари мо рушд менамояд. Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва занону ҷавонон дорои неруҳое ҳаст, ки метавонанд барои рушди соҳаҳои мазкури мамлакатҳои ИДМ манфиатовар бошанд»,-илова намуд Фарҳод Раҳимӣ.

Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ ба академик Улмас Мирсаидов  Ҷоизаи «Ситораҳои иттиҳод» супорида шуд.

Дар форум ҳамзамон масъалаи омодагиҳо ба чорабинии соли 2021 «Душанбе- пойтахти фарҳангии кишварҳои ИДМ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мавриди зикр аст, ки баҳри иштирок дар кори форум намояндагони маъруфи зиёиёни эҷодкор ва илмӣ аз ҳамаи кишварҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Ӯзбекистон ва Россия, ҳамчунин намояндагони воломақоми сохторҳои давлатии ин кишварҳо, созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ ва ташкилотҳои зиёди байнидавлатии гуманитарӣ ташриф овардаанд.

Кори форум то 17 майи соли равон идома меёбад.

Май 16, 2019 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд