Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси шашуми «Платформаи ҷаҳонӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо» иштирок дорад

Май 17, 2019 08:55

ДУШАНБЕ, 17.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Маҳмадтоир Зокирзода дар Конфронси шашуми «Платформаи ҷаҳонӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо», ки дар шаҳри Женеваи Швейсария баргузор гардида истодааст, иштирок дорад.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар конфронс зиёда аз 3 ҳазору 500 намоянда аз 150 кишвари олам иштирок доранд.

Ба иттилои манбаъ, ба ҳайати Тоҷикистон Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода шомил мебошад.

Дар расми ифтитоҳи Конфронси шашуми «Платформаи ҷаҳонӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо» Маҳмадтоир Зокирзода сухан гуфт.

Зикр шуд, ки ҳимояи аҳолӣ аз офатҳои табиӣ яке аз вазифаҳои муҳим ба шумор рафта, дар ин самт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи миллии ҳимояро, ки ширкати фаъолонаи қишрҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад, ташкил намуд.

Дар ҳошияи конфронс ҳайати Тоҷикистон бо намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хатари офатҳо, сардори  Намояндагии минтақавии бюрои СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва  писари Шоҳзода Карим Оғохони IV — Шоҳзода Ҳусейн Оғохон вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро дар самти коҳиши хатари офатҳо муҳокима намуданд.

«Дар мулоқот саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2015-2030 ва бахусус Стратегияи миллӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ то соли 2030 баланд арзёбӣ гардид. Инчунин масъалаҳои ҳамкории минбаъда дар масоили пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офтаҳои табиӣ ва гузаронидани конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе моҳи августи соли равон баррасӣ шуданд», – илова намуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси шашуми «Платформаи ҷаҳонӣ оид ба хатари офатҳо» 13 май дар шаҳри Женеваи Швейтсария оғоз гардида, имрӯз, 17 май ба  кори худ анҷом мебахшад.

Май 17, 2019 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд