Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии вазирони кишварҳои узви Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории минтақавӣ иштирок кард
ДУШАНБЕ, 03.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 3 майи соли 2019 дар шаҳри Тошканд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар 11-умин вохӯрии вазирони кишварҳои узви Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар дар Осиёи Марказӣ ширкат ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сироҷиддин Муҳриддин оид ба дастовардҳо ва саҳми босазои Тоҷикистон дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили марбут ба он ва иқдомҳои кишвар дар ин самт ибрози ақида карда, ҳозиронро ҷиҳати ширкат дар Конфронси сатҳи баланд зери унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил», ки 16-17 майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Эъломияи таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешмоддаҳои он, пешгирии истеъмоли маводи нашъаовар ва психотропӣ қабул гардид.








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






