Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои шӯроҳои вазирони корҳои хориҷии СҲШ ва СААД иштирок намуд

Май 23, 2019 08:13

ДУШАНБЕ, 23.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 22 майи соли 2019 дар ш.Бишкек таҳти раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаҳои шӯроҳои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи дастаҷамъӣ баргузор гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар кори он ҷаласаҳо ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид.

Роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои СҲШ-ро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба ҳузур пазируфт.

Дар нимаи аввали рӯз ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ барпо гардид, ки дар доираи он тарафҳо рафти татбиқи мувофиқаҳои қаблан ҳосилшуда ва омодагиро ба иҷлосияи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни суханронии С.Муҳриддин мавқеи Тоҷикистон оид ба ҷанбаҳои асосии ҳамкориҳо дар доираи СҲШ баён гардида, масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавӣ низ қайд карда шуданд.

Нимаи дуюми рӯзи 22 майи соли 2019 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД иштирок намуд.

Пас аз вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД масоили доғи соҳаи амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамкориҳои давлатҳои аъзо дар доираи Созмон ва дар арсаи байналмилалӣ, муқовимат ба терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, инчунин дигар масъалаҳои қобили таваҷҷуҳи давлатҳои аъзои СААД-ро муҳокима намуданд.

Дар рафти суханронӣ зимни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД Вазири корҳои хориҷӣ С.Муҳриддин мавқеи Тоҷикистонро доир ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа иброз дошта, аз ҷумла ба вазъи ноором дар марзҳои ҷанубии минтақаи таҳти масъулияти СААД, махсусан дар ҳамсоякишвари Афғонистон ишора кард, инчунин зарурати кӯшишҳои муштаракро ҷиҳати муборизаи самарабахш бо терроризм ва экстремизм, кам кардани таҳдидҳое, ки аз марзҳои ҷанубии Созмон сар мезананд, изҳор намуд.

Май 23, 2019 08:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд