Ал Юсуфӣ Ҳазим Аҳмад: «Мо барои баргардонидани занони тоҷик, ки имрӯз дар зиндонҳои Ироқанд, талош менамоем»

Май 17, 2019 13:00

ДУШАНБЕ, 17.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи терроризм ва ифротгароӣ масъалаи ҷаҳонӣ буда,   имрӯз ҳама давлатҳои ҷаҳонро ба мубориза бар зидди чунин даҳшатафкании аср даъват менамояд. Ин нуктаро намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ Ал Юсуфӣ Ҳазим Аҳмад ба хабарнигорон имрӯз зимни баргузории Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» иброз намуд.

Инчунин номбурда зикр намуд, ки дар кори  аз Ироқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон овардани кӯдакон нақши Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бузург аст.

«Бояд гуфт, ки баъд аз анҷоми ҷанг дар шаҳри Мосул ин кӯдакон дар зери муҳосираи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Ироқ монданд. Дар ин ҷанг бисёре аз кишварҳои ҷаҳон иштирок доштанд, аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус кӯдакону модарон. Ҳоло баъд аз интиқоли кӯдакони тоҷик аз Ироқ ба Тоҷикистон 43 нафар занони тоҷик низ дар маҳбасхонаҳои Ироқ қарор доранд, ки барои баргардондани онҳо ҳамкорӣ ва муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ироқ идома дорад».

Ба гуфтаи Ал Юсуфӣ Ҳазим Аҳмад, одамони зиёде дар ин ҷанги ба ном Давлати Исломӣ дар Ироқ иштирок намуданд, ки бисёр кишварҳо шаҳрвандони худ, бахусус кӯдакону модарони худро ба давлати худ баргардониданд.  Мо низ барои баргардонидани занони тоҷик, ки имрӯз  дар зиндонҳои Ироқанд, талош менамоем.

«Ман фикр мекунам, ки баргузории чунин як конфронси сатҳи баланд  дар шаҳри Душанбе  ҷиҳати баррасии масоили терроризму ифротгароӣ ва пешгирии даҳшатафкании аср  барои решакан намудани терроризму ифротгароӣ  дар минтақаи Шарқи наздик ва  Осиёи Марказӣ нақши бузург хоҳад гузошт»,- гуфт Ал Юсуфӣ Ҳазим Аҳмад.

Ҳамчунин ӯ зикр намуд, ки онҳо дар оянда талош менамоянд, ки чунин ҳодисаҳо бори дигар дар ин минтақаи мо такрор наёбанд ва занону модарони тоҷик,  ки имрӯз дар  зиндонҳои Ироқ қарор доранд, бо сари баланд ба Ватани худ  баргарданд.

Бояд зикр намуд, ки имрӯз   дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” баргузор гардида истодааст. Дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки дар кори конфронс муовини Дабири кулли СММ, Котиби генералии СҲШ, намояндагони САҲА, СААД, вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Япония, муовини Котиби генералии Иттиҳоди Аврупо ва  коршиносони даҳҳо кишварҳои хориҷӣ иштирок доранд.

Май 17, 2019 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад