Ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба танзими раванди муҳоҷират баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 20.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Муовини Сарвазир аз роҳбарони сохторҳои масъули соҳавӣ талаб намуд, ки онҳо вазифадоранд дар кишварҳое, ки муҳоҷирони меҳнатӣ кору фаъолият доранд корро тавре ба роҳ монанд, ки дар ҳолати рух додани мушкилӣ муҳоҷирон донанд, ки ба онҳо чи тавр дар тамос шаванд ё ин ки ба наздиктарин шуъбаи намояндагии онҳо дар минтақаҳо муроҷиат намоянд.
«Вобаста ба ин бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ сохторҳои масъул, намояндагони сохторҳои қудратӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони худ, сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои онҳо дар минтақаҳо вазифадор мебошанд, ки ба муҳоҷирон диққати бештар диҳанд ва аз лиҳози муносибати хуби инсонӣ дар ҳалли мушкилоти онҳо дар доираи имконият кумаки амалӣ расонанд, зеро рух додани нохушӣ бо муҳоҷире оилаеро дар Тоҷикистон саргардон мекунад»,-таъкид намуд А.Иброҳим.
Муовини Сарвазир махсус таъкид намуд, ки маҳз вазорату идораҳои аъзои ин Комиссия масъули ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон мебошанд ва аз шумо талаб карда мешавад, ки вазифаҳои дар наздатон гузошташударо бо масъулияти баланд иҷро намоед.
Ҳамзамон аз аъзои Комиссия талаб карда шуд, ки дар инъикоси паҳлўҳои фаъолияти худ воқеъбинона рафтор намоянд ва ба рақамҳои омории самти муҳоҷирати меҳнатӣ вобастабуда диққати ҷиддӣ диҳанд, зеро дар паси ҳар рақам тақдири инсонест ва ба ин мо набояд бетаваҷҷуҳ бошем.
Муовини Сарвазир зикр намуд, ки барои баъзе аз шаҳрвандон дар муҳоҷират будан имконият барои ташаккул додани касбияту тахассус мебошад. Дар давраи дарозмуҳлат ин метавонад заминаи муносиб барои таъсиси фаъолиятҳои касбии доимӣ, аз қабили ташкили корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, муштарак ва тавлидотӣ дар мамлакат гардад. Хушбахтона ин таҷрибаро мо дорем. Ҳамзамон ташкилоту муассисаҳо низ метавонанд аз донишу малака ва кордонии чунин мутахассисон истифода намоянд.
Аъзои Комиссия ва иштирокчиёни ҷаласа низ баён намуданд, ки бо истифода аз тамоми шароити мавҷуда барои ҳимоя намудани ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта талош намуда, бо ҳамтоёни худ ҳамкории судманд ба роҳ мемонанд.








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






