«Ҳамкории милитсия бо ҷомеа тақвият меёбад»,-бардошт аз конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 24.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи роҳбарият, кормандони амалӣ, нозирони минтақавӣ, омȳзгорону курсантони Академия дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии «Сейферворлд» (Дунёи бехатар) конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзȳи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа» баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ифтитоҳи конфронс сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Шарифзода зикр кард, ки тайи чанд соли охир бо дастури Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар доираи амалигардонии Стратегияи ислоҳоти милитсия корҳои зиёд ба анҷом расонида шудаанд. Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки ҳамкории милитсия бо ҷомеа тақвият ёфта, созмонҳои ҷамъиятӣ баҳри амалигардонии Стратегияи зикршуда дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои назаррас ба анҷом расонидаанд.
Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар назди ШВКД-ҳои ҷумҳурӣ марказҳои ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ кушода шудаанд. Натиҷаи фаъолияти пурсамари ҳамин марказҳо аст, ки аксари ҷавонон барои ҳамкорӣ бо милитсия ҷалб гардидаанд.
«Конфронси имрӯза бори дигар масоили мазкурро баррасӣ намуда, боварӣ дорем, ки баҳри тақвияти ҳамкории милитсия бо ҷомеа тавсияҳои мушаххасро пешниҳод ҳоҳад намуд», -афзуд Ф. Шарифзода.
Дар идомаи кори конфронс теъдоди зиёди маърӯзаҳо шунида шуд. Аз ҷумла, маърӯзаи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия Фарҳодбек Шодмонзода доир ба механизми содагардонии дастрасии аҳолӣ ба милитсия, маърӯзаи мушовири созмони «Дунёи бехатар» Нуралӣ Ҳалимов дар бораи таҷрибаи созмони мазкур оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа, инчунин дигар маърӯзаҳои ба ин мавзӯъ дахлдор пешниҳоди иштирокдорони конфронс гардид.
Дар охир муколамаи озоди иштирокдорони конфронс бо олимону мутахассисон ва намояндагони созмони «Дунёи бехатар» баргузор гардид.








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






