Азим Иброҳим: «Вақт мунтазир намешавад, корҳои созандагӣ ниёз ба тақвияти тоза доранд»
ДУШАНБЕ, 23.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. 21 май дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе зери роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа ҳисоботи раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, раиси кумитаи замини шаҳр ва сармеъмори шаҳри Душанбе оид ба корҳои анҷомдодашуда шунида шуд.
Зикр гардид, ки то 1 майи соли ҷорӣ аз 4095 адад чорабиниҳои ба нақшагирифташуда 504 адади онҳо иҷро гардиданд, ки ин 12,3%-и нақшаро ташкил медиҳад.
Корҳои бунёдкориву созандагӣ фарогири самтҳои ташкили инфрасохтори иҷтимоӣ, сохтмони мактаб, бунёди кӯдакистон, сохтмони биноҳои баландошёна, марказҳои ташхисию табобатӣ, хизматрасонӣ, сохтмони роҳҳои пиёдагарду автомобилгард, таъсиси корхонаҳои хурду миёна, таъмиру рангу бори биноҳо ва азнавсозии нуқтаҳои партовпартоӣ дар шаҳри Душанбе мебошанд.
Муовини Сарвазир зикр намуд, ки ҳангоми муҳокимаи Нақшаи чорабиниҳои вобаста ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таъкид дошт, ки новобаста аз тадбирҳои муайяни андешидашуда иҷрои корҳо вусъати тозаро талаб мекунанд. Аз ин рӯ, муовини Сарвазир ҷараёни иҷрои корҳоро нокифоя баҳогузорӣ намуда, аз муовинони раиси шаҳри Душанбе, сарпарастони ноҳияҳои шаҳр ва раисони ноҳияҳои он талаб намуд, ки суръати иҷрои корҳо ва сифати онҳоро баланд бардоранд. Аз ҷумла,сухан дар бораи ташкили корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар минтақаи саноатии “Зебунисо” меравад. Мутобиқи маълумоти дастрасгардида аз 10 корхонаи бунёдшавандаи саноатӣ дар 8 тояш корҳо бо маром идома доранд, як корхона табдили самти истеҳсолот намудааст ва дар як корхонаи дигар корҳо ҳанӯз оғоз нагардидаанд.
Ба раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе супориш дода шуд, ки бо соҳибкорон ҳамкориҳоро вусъат бахшанд ва ҷараёни иҷрои корҳои бунёдкории онҳоро мавриди дастгирии доимӣ қарор диҳанд. Таъкид карда шуд, ки дар ин раванд афзалияти нисбӣ бояд ба соҳибкороне дода шавад, ки тасмими онҳо ташкили корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинони пойтахт мебошад.
Ҳамзамон, тибқи маълумоти сармеъмор ва раисони ноҳияҳои шаҳр, бисёр аз соҳибкорон бо ташаббусҳои нав барои саҳмгузорӣ дар корҳои бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе муроҷиат намуда истодаанд. Дар навбати худ таъкид гардид, ки вақтро низ то ҷашни ин санаи таърихӣ дар ихтиёр дорем. Вобаста ба ин ба масъулини ноҳияҳои шаҳр супориш дода шуд, ки маҷмӯи лоиҳаҳои созандагиву бунёдкориро аз санҷиш гузаронанд. Дар баробари ин рӯйхати ташаббусҳои навро дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳр омода намуда, барои илова кардан ба нақшаи чорабиниҳо тибқи талаботи нақшаи генералии шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.
«Ташаббусҳои соҳибкорон бояд дастгирӣ ёбанд ва ҳеҷ яки онҳо набояд аз мадди назар дур монанд»,-таъкид намуд муовини Сарвазир.








Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
БАРНОМАИ РУШДИ РОҲҲОИ ОБОДИ ДЕҲОТ. Дар доираи он ба маблағи 123,4 миллион сомонӣ роҳҳои мошингард таъмиру барқарор карда шуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Норак бинои нави муассисаи таълимӣ сохта мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Хатлон соҳаи маориф қариб ду баробар рушд намудааст
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
ДАРКИ АМИҚИ МОҲИЯТИ ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ. Он шарти муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат аст
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад






