БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҶАВОНОН. Дар Тоҷикистон Фестивали футбол, волейбол ва баскетбол баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 12.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон имрӯз, 12 май дар ҷумҳурӣ бо иштироки ҷавонону варзишгарон Фестивали ҷумҳуриявии футбол, волейбол ва баскетбол баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, соли дуюм аст, ки дар ҷумҳурӣ Фестивали футбол, волейбол ва баскетбол баргузор мегардад. Мақсад аз роҳандозӣ намудани чунин фестивал, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, рушди ин навъҳои варзиш ва ташаккул додани ҳисси зебоипарастӣ тавассути варзиш дар замири ҷавонон мебошад.
Фестивали мазкур дар тамоми шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ доир шуда, дар муассисаҳои варзишӣ аз рӯи ин намудҳои варзиш мусобиқаҳои дӯстона доир карда мешаванд.








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






