БА ПЕШВОЗИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар Душанбе Фестивал–озмуни фарҳангии донишҷӯён «Истеъдод» баргузор гардид

Май 6, 2019 16:20

ДУШАНБЕ, 06.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  даври ҷамъбастии Фестивал–озмуни фарҳангии донишҷӯён «Истеъдод»  баргузор гардид. Фестивал – озмуни мазкур бахшида  ба  Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад, роҳандозӣ шуда, дар он намояндагони Донишгоҳи миллӣ,   Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, мудирони  шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва донишҷӯён иштирок намуданд. 

Дар оғоз муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилноза Аҳмадзода  иброз дошт, ки шурӯъ аз соли 1998 то имрӯз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 май чун Рӯзи ҷавонон дар саросари ҷумҳурӣ баргузор карда мешавад. Имрӯз таваҷҷуҳ ба ҷавонон зиёд шудааст. Зеро Тоҷикистон мамлакати ҷавон ва ҷавонон аст.

Бино ба зикри номбурда, имрӯз 70 фоизи аҳолии Тоҷикистонро насли ҷавони пуриқтидори дорои зеҳниву ҷисмонӣ  ташкил медиҳад.  Аз ин рӯ аз ҳар як ҷавон даъват ба амал оварда мешавад, ки  ба Ватан- Модари худ содиқ бошанд ва  баҳри рушду нумуи он саҳм гузоранд.

«Фестивали фарҳангии  донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна  бо ҳадафи  дарёфти чеҳраҳои нав ва рушди соҳаи фарҳанг роҳандозӣ шудааст.  Дар даврҳои гузаштаи фестивал  тамоми муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи  касбии шаҳри Душанбе иштирок намуда, беҳтарин  чеҳраҳои нав интихоб гардиданд. Имрӯз  онҳо дар  даври ниҳоии фестивал маҳорати худро нишон доданд»,- гуфт Дилноза Аҳмадзода.

Ба гуфтаи Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе»-и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  Дилошӯб Розиқов,  дар даври аввали Фестивал –озмуни фарҳангии донишҷӯён «Истеъдод»  беш аз 60 нафар донишҷӯ иштирок намуданд. Ба марҳилаи ҷамъбастӣ 17 нафар донишҷӯёни фаъол  ва соҳибистеъдод, ки маҳорати хуби сарояндагиву навозандагӣ ва раққосӣ доштанд, роҳхат гирифтанд.

Дар анҷом  иштирокчиёни фаъоли Фестивал –озмуни фарҳангии донишҷӯён «Истеъдод»  бо туҳфаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сарфароз гардонида шуданд.

Май 6, 2019 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст