«БЕ СИТОРА НЕСТАМ…». Таҳти чунин унвон китоби нави Шоираи халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 01.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Истеъдод» китоби нави Шоираи халқии Тоҷикистон Зулфия Атоиро зери унвони «Бе ситора нестам…» ба табъ расонд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, китоби мазкур аз назму наср иборат буда, дар боби аввали он «Ба ҷои сарсухан» пораҳое аз мукотиботи устод Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ, Гулназар, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Усмон Назир, Ҳамроқул Шодиқулов оварда шудаанд.
Дар китоб шеърҳои нав, ҳикояву резаҳикоя, ёддошту хотираҳо, маводи адабию журналистӣ ва назмӣ доир ба шахсият ва эҷодиёти адиба гирд оварда шудаанд.
«Китоб аз он сабаб «Бе ситора нестам…» унвон гирифтааст, ки нахуст, ситораи ҳамноми шоира дар кайҳон –«Ахтари зулф» зери назар аст. Дуюм, муаллиф гуфтан мехоҳад, ки ман бо ситораам, яъне хушбахт ҳастам», — оварда шудааст дар оғози китоб.
Ёдрас мешавем, ки ба шарафи Шоираи халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ ба ситорае дар кайҳон номи «Зулф» дода шудааст.
Ситораи мазкурро Маркази омӯзиши ҷирмҳои осмонии Лондони Англия 15 июн – дар зодрӯзи шоираи тоҷик таҳти рақами 25290¬_415 ба қайд гирифта, тулӯи мустақимашро дар бурҷи Gemini 06H06m48.66s ва тамоилашро 23 ◦38’18.97 муайян намуда буд.
Бояд гуфт, ки Зулфия Атоӣ аз зумраи адибаҳои маъруфи тоҷик буда, шеърҳояш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, украинӣ, беларусӣ, туркманӣ, гурҷӣ, франсузӣ, немисӣ, англисӣ ва ғайра тарҷума ва интишор шудаанд.
Зулфия 15 июни соли 1954 дар деҳаи Қалъаи Азими ноҳияи Ғончӣ дар хонаводаи омўзгор чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1970 ба факултаи забон ва адабиёти Универститети давлатии Тоҷикистон дохил шуда, пас аз соле барои таҳсил ба шаҳри Москва рафт ва дар бахши назми Институти адабии ба номи М. Горкий ба таҳсил оғоз намуд.
Соли 1977 баъди хатми Институти адабӣ ба шаҳри Душанбе омада, то соли 1983 дар рўзномаи «Тоҷикистони советӣ» ( ҳоло «Ҷумҳурият») ба рӯзноманигорӣ машғул гашт.
Мавсуф аз соли 1983 то соли 1985 дар маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» (ҳоло «Фирўза») ба ҳайси мудири шуъба, аз соли 1985 то соли 1990 дар ҳафтаномаи «Омўзгор» ҳамчун муовини сардабир фаъолият кардааст. Аз соли 1993 сардабири Муассисаи давлатии маҷаллаи бонувон «Фирўза» буд.
Аз соли 1979 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Соли 2010 ба унвони Шоири халқии Тоҷикистон сазовор гардид.
Шоираи тоҷикро соли 2011 барои саҳми арзанда дар густариши робитаҳои адабии Тоҷикистону Россия бо ордени «Дили Данко» сазовор донистанд. Ӯ ҳамчунин узви ифтихории Академияи байналхалқии фарҳанг, илм ва тиҷорати Санкт-Петербург интихоб гардидааст.
Зулфия Атоӣ дар сафи аҳли адабиёту фарҳанг ба кишварҳои Покистон, Россия, Украина, Голландия, Германия, Гурҷистон, Амрико, Қазоқистон, Қирғизистону Туркманистон сафари эҷодӣ анҷом додааст.
Зулфия Атоӣ барандаи Ҷоизаи Созмони ҷавонони ҷумҳурӣ (1995) мебошад. Соли 1997 бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст. Аълочии маориф ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Соли 2005 ба Ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи А. Лоҳутӣ сазовор дониста шудааст.








Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид






