БЕНАЗМӢ ДАР «ОФТОБАК». Ва ё кӯдакону наврасон ҳаққи истироҳат дар беҳтарин шароитро доранд!

Май 3, 2019 08:21

НОРАК, 03.05.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019»  ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳамаи истироҳатгоҳҳои тобистонаи  соҳаҳои гуногуни кишвар бояд ҳамаҷониба омода шуда,  барои қабули кӯдакону наврасон шароити хуб муҳайё намоянд.

Истироҳатгоҳҳои наврасону  кӯдакон дар  ҷумҳурӣ бояд ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ буда, масъулини лагерҳо бояд барои ин қишри ояндасози миллат беҳтарин шароит муҳайё кунанд.

Мутаассифона, соли 2018 истироҳатгоҳи «Офтобак»-и шаҳри Норак ба талаботи замон ҷавобгӯ набуда, қисми зиёди хобгоҳҳои кӯдакону наврасон дар саҳни  истироҳатгоҳ ҷойгир буд. Дар хобгоҳҳо рахтҳои хоби дуқабата бе бандҳои муҳофизатӣ муҷҷаҳаз гардонида шуда, истироҳаткунандагон дар баландии зиёда аз 3 метр бе таҷҳизоти ҳимоякунанда хоб  менамуданд. Соли гузашта дар ин истироҳатгоҳ 350 нафар кӯдакону наврасони аз 7 то 14-сола  аз ноҳияҳои Данғара, Сарбанд, Восеъ ва  Ёвони вилояти Хатлон дар таҷҳизоти корношоями аз замони Шӯравӣ боқимонда,  ки барояшон дар онҳо бозӣ кардан хатар дорад, ба бозӣ машғул буданд. Ҳол он ки арзиши роҳхати як кӯдак  400 сомониро ташкил медод.

Истироҳату саёҳати кӯдакону наврасон яке аз самтҳои дар оянда рушд додани соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷиҳат бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, шуъбаи маорифи шаҳр ва роҳбарияти Иттифоқҳои касабаи маорифи вилояти Хатлонро зарур аст, ки истироҳатгоҳи «Офтобак»-ро навсозӣ намуда, ба яке аз лагерҳои беҳтарини ҷумҳурӣ табдил  диҳанд.

Расмҳои зерин гувоҳи ҳоланд: 

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

 

Май 3, 2019 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд