БМТ мутахассисони ояндаро ҳавасманд мегардонад

Май 31, 2019 13:24

ДУШАНБЕ, 31.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон марҳилаи ниҳоии озмун, ки миёни  хонандагони синфҳои 9-11 мактаби таҳсилоти умумии № 20-и шаҳри Душанбе ва мактаби таҳсилоти умумии № 36-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар оянда мақсади кор дар соҳаи иқтисод ва молияро доранд, гузаронида шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Иштирокдорони озмун  11 лоиҳаи тиҷоратӣ таҳия ва манзури ҳайати ҳакамон гардониданд.

Баъди рӯнамоӣ ва муаррифии лоиҳаҳо мақоми якум, дуюм ва сеюм насиби Олия Раҳматова, Рустам Зарипов ва Меҳрдод Ҳусейнзода барои лоиҳаҳои «Таҳсилоти фосилавӣ»,  «Заводи шакар»  ва «Мехи печдор ва гайка» гардида, ғоибон  бо  3 000, 2000 ва 1000 сомонӣ мукофотонида шуданд.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон итилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, махсусан рушди лаёқати соҳибкорӣ дар ниҳоди насли наврас, дар доираи амалигардонии лоиҳаи муштараки БМТ ва Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкории байналмилалии Олмон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд.

Дар маросими ҷамбастии озмун муовини Раиси БМТ Лола Салимова, Раиси БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ, намояндагони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкории байналмилалии Олмон иштирок намуда, доир намудани чунин машғулиятҳоро муҳим ва судманд арзёбӣ намуданд.

Дар доираи озмун, барои иштирокчиён маҳфили тахассусӣ созмон дода шуда, толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ давраҳои омӯзиширо гузашта, донишҳои иқтисодӣ ва молиявиро аз бар намуданд. Инчунин хонандагон дар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии мамлакат  таҷриба омӯхта, бо ҷараёни кор дар шуъбаҳои гуногуни ташкилотҳои молиявӣ шинос гардиданд.

 

Май 31, 2019 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад