Бо иштироки доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Назир Азимзода дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон муҳтавои Паёми Пешвои миллат баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 22.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади фаҳмонидани мазмуну муҳтавои Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз мулоқоти доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Назир Азимзода бо кормандони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Н.Азимзода самтҳои асосии Паёми навбатии Сарвари давлатро шарҳ дода, дар ин бора ибрози назар кард. Профессор, аз ҷумла иттилоъ дод, ки дар 27 соли соҳибистиқлолӣ ин 22-юмин Паёми Пешвои миллат мебошад, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
«Паёми Пешвои миллат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро дар бар гирифта, моро вазифадор менамояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат кӯшиши зиёд ба харҷ диҳем. Дар ҳақиқат, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми мантиқии паёмҳои қаблӣ буда, дастовардҳои мамлакатро дар солҳои сипаригашта ва солҳои минбаъда инъикос менамояд»,- гуфт номбурда.
Мавсуф таваҷҷуҳи ҳозиринро ба вазъи мураккаби ҷаҳони муосир равона намуда, зикр намуд, ки соли дуввум аст, ки Сарвари давлат зимни пешниҳоди Паём ба масъалаи терроризму ифротгароӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Зеро ифротгароию терроризм зуҳуроти нангину даҳшатнок маҳсуб ёфта, ба таври бояду шояд ба эътибор нагирифтани онҳо метавонад боиси нигаронии зиёд дар ҷомеа гардад. Аз ин рӯ, мебояд ба масъалаҳои баланд бардоштани дониши сиёсии ҷавонон, тарбияи ҳисси ватанпарастии насли имрӯза диққати махсус зоҳир намуд. Чунки имрӯз бисёр муҳим аст, ки ҷавонон зираку ҳушёр ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия гиранд ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик омода бошанд.










Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид






