БОРИ АВВАЛ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ! Дар кӯчаҳои пойтахт троллейбусҳои наву замонавӣ ба ҳаракат медароянд. Рӯнамоии онҳо имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид

Май 9, 2019 16:18

ДУШАНБЕ, 09.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе маросими рӯнамоии троллейбусҳои муосири тамғаи 3321 00 D, ки аз Ҷумҳурии Беларус дастрас гардидаанд, баргузор шуд.Ин  троллейбусҳои муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ бори аввал ба шаҳри Душанбе оварда шудаанд.  

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, воситаҳои нақлиёти мусофиркашонии барқии замонавӣ бо ташаббуси Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ харидорӣ гардидаанд. Ин  троллейбусҳо барои беҳтар  гардидани  сатҳу сифати хизматрасонии мусофиркашонӣ дар  пойтахт мусоидат намуда, ҳамзамон  бо тарҳу намуди зебо ва муосири худ ҳангоми ҳаракат дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба он  шукӯҳи тоза  мебахшанд.

Зимни рӯнамоии воситаҳои нақлиёти барқии замонавӣ  иттилоъ дода шуд, ки троллейбусҳои муосир дар ширкати «Белкоммунмаш»-и Ҷумҳурии Беларус истеҳсол гардида,  аз лиҳози харҷи камтари неруи барқ, сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ҳаракат дар тамоми ҳолату шароити шаҳр аз тамғаҳои қаблӣ  бартарияти зиёд доранд.

Троллейбусҳои мазкур бо истифода аз технологияи пешрафта истеҳсол гардида, дорои муҳаррики қувваи ҷараёни тағйирёбандаи қабулкунанда ва батареяҳои литий барои захираи неруи барқ мебошанд.Ин имкон медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат тавассути ноқил троллейбус дар таҷҳизоти худ неруи барқро захира намуда, дар ҳолати зарурӣ то масофаи 15 -20 километр бе ноқил ҳаракат намояд.
Зимни шиносоӣ Раиси шаҳри Душанбе ба масъулин дастур дод, ки баҳри дар оянда ворид намудани чунин воситаҳои нақлиёти муосири мусофиркашонӣ ва таҷдиди парки троллейбусҳо чораҷӯӣ карда, дараҷаи тахассуси касбии ронандагон тавассути курсҳои бозомӯзӣ баланд бардошта шавад.Зеро онҳо бо воситаҳои навтарини техникӣ муҷаҳҳаз гардида, аз ронандагон малакаҳои иловагӣ талаб менамоянд.

Троллейбусҳои муосир иқтидори ғунҷоиши то 90 нафар мусофирро дошта, аз 22 ҷойи нишаст, лавҳаҳои иттилоотӣ, воситаҳои огоҳкунӣ аз ҷониби мусофирон дар дохил ва беруни он, инчунин низоми мушоҳидавии дохилӣ бо 8 адад камера иборатанд, ки барои фаъолияти ронандагон мувофиқ мебошанд.

Ҳамчунин барои даромаду баромади мусофирон дар он низоми «книлинг» насб гардидааст, ки дар ҳолати зарурӣ даромадгоҳи троллейбус ба воситаи дастгоҳи идоракунӣ аз ҷониби ронанда паст ва баланд карда мешавад.

Барои нафарони дорои имкониятҳои маҳдуд дар даромадгоҳи мобайн таҷҳизоти «аппарел» насб гардидааст, ки тавассути он даромадгоҳ то сатҳи зарурӣ поёну боло карда мешавад.

Дар ҷараёни боздид ба масъулини дахлдор супориш дода шуд, ки троллейбусҳои нав давоми 6 моҳи аввал ба таври озмоишӣ истифода бурда шаванд.

Ҳамчунин Раиси шаҳр таваҷҷуҳи роҳбарияти корхона ва масъулини дахлдорро ба масъалаи нигоҳдошт ва хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиётии мусофиркашонии барқӣ ҷалб намуда, таъкид кард, ки барои муоинаи техникии онҳо дар корхона шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.

Мавриди  зикр аст, ки айни замон дар 7 хатсайри троллейбусии шаҳри Душанбе 87 адад воситаҳои нақлиёти барқии корхона ба мусофирон хизмат мерасонанд.

Май 9, 2019 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд