БОРИ АВВАЛ ДАР ТАЪРИХИ КИНОИ ТОҶИК! Дар Канн филми коргардони тоҷик Муҳиддин Сулаймонов «Шитоб»-ро намоиш доданд

Май 25, 2019 14:42

ДУШАНБЕ, 25.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. 22 май филми кутоҳметражи коргардони ҷавони тоҷик Муҳиддин Сулаймонӣ бо номи «Шитоб» (русӣ «Спешка», англисӣ – «Hurry») ба  меҳмонони Кинофестивали 72-юми байналмилалии Канн, ки дар Франсия баргузор гашт, намоиш дода шуд. Филми мазкур дар озмуни коргардонҳои ҷавон дар бахши «Cinefondation» иштирок намуд. Имрӯз мухбири АМИТ «Ховар» бо коргардони филм Муҳиддин Сулаймонӣ, ки имрӯзҳо дар Соҳили лоҷвардии Франсия қарор дорад, дар тамос шуд.

Ба гуфтаи М. Сулаймонӣ, филми 13-дақиқагии ӯ «Шитоб» соли 2018 аз ҷониби ТВ «Синамо» дар шаҳри Душанбе давоми 20 рӯз наворбардорӣ ва таҳия карда шудааст. М.Сулаймонӣ  сармуҳаррири  шабакаи телевизионии мазкур мебошад.

Нақшҳои асосиро ҳунарпешагони тоҷик Нозим Меликов, Ҷума Рустамӣ, Мавлона Наҷмиддинова ва Манижа Холова бозидаанд. Филмбардор — Абдукарим Уроқов, танзимгар  — Комил Суғдиён ва оператори овоз Шаҳринисо Яковлева.

Нозим нақши падар, роҳбари ширкати тиҷоратиро иҷро мекунад, нақши яккаписари ӯро Ҷума Рустамӣ, нақши духтари фавтидаро Манижа Холова ва нақши модари духтарро Мавлона Наҷмиддинова бозидаанд.

Коргардони филм Муҳиддин Сулаймонӣ дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт: «Аслан қисса чунин аст: ҷавоне (ҳунарманд Ҷума Рустамӣ нақши ӯро мебозад) нимшаб сари чамбараки мошин бо телефон суҳбат дорад. Ҳамин вақт садои бархӯрде ӯро ба худ меорад ва мошинашро нигоҳ медорад. Чун пиёда мешавад, бонуеро фитода дар роҳ мебинад. Ҳаросон ба падар (актёр Нозим Меликов)  занг мезанад. Онҳо ин ҳолатро чӣ гуна паси сар месозанд? Ҷавҳари филм ҳамин аст. Ин як ҳушдорест, ки бояд инсон дар ҳама ҳолат ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳад, эҳтиёт кунад,  ба шитобу  аҷала роҳ надиҳад, мулоҳизакор бошад…».

Ба гуфтаи Муҳиддин Сулаймонӣ, рӯзи 22-юми май соати 14:30 бо вақти Фаронса филми «Шитоб» дар толори «Қасри ҷашнвораҳо»-и шаҳри Канн намоиш дода шуд. «Пасон чанд нишасти матбуотӣ ҳам доштем бо хабарнигорон ва филмофарони ҷавон, ки филмҳоямон дар як рӯз намоиш дода шуданд. Ман дар он ҷо  гуфтам  ва  ҳамин ҳоло ҳам мемегӯям, ки   аз ҳамаи ононе, ки бо  кӯмаки онҳо ман ба ин ҷо омадам, сипосгузорам. Ташаккур ба роҳбарияти Муассисаи давлатии ТВ «Синамо», ки бо дастгирии онҳо ин филм рӯи навор омад, ба гуруҳи эҷодӣ, ки чанд шабу рӯз ҳамроҳи ман заҳмат кашиданд», — изҳор дошт М. Сулаймонӣ.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали байналмилалии 72-юми Канн дар соҳили лоҷвардии Франсия аз 14 то 25 май  баргузор шуд. Дар ин фестивал, ки бегоҳии рӯзи сешанбе ифтитоҳ гардид,   коргардонҳо, сенариянависон ва ҳунарпешагони маъруф аз 39 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла аз Тоҷикистон иштирок намуданд.

Барои ба даст овардани ҷоизаи фестивал 21 филм, ки аксарашон намояндагони кишварҳои Аврупо мебошанд, талош намуданд. Ҳакамони озмунро коргардони мексикоӣ Алехандро Гонселес  Инярриту роҳбарӣ мекунад.

Имрӯз фестивал натиҷагирӣ хоҳад шуд.

ДАР АКС: коргардон Муҳиддин Сулаймонов дар Фестивали байналмилалии 72-уми Канн

 

Май 25, 2019 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд