Дар Чин Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон доир мегарданд
ДУШАНБЕ, 13.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 22 майи соли равон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳайати Рӯзҳоро муовини якуми Вазири фарҳанги Тоҷикистон Обидҷон Назариён роҳбарӣ мекунад.
Ба иттилои манбаъ, санъат ва фарҳанги тоҷикро дар ин барнома Ансамбли рақсии «Гулрез», Ансамбли созҳои миллии «Дарё», инчунин ҳунарпешагони номӣ, ба мисли Таҳмина Ниёзова, Шарофат Усмонова, Хуршед Иброҳимов, Ҳақназар Аловатов, Давлат Назриев ва дигарон муаррифӣ мекунанд.
Барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон 17 майи соли равон дар шаҳри Пекин ва 20 май дар шаҳри Сиан баргузор мегардад.
Дар доираи Рӯзҳо намоиши асарҳои санъати тасвирӣ ва аксҳо, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ дар назар аст.








Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






