Дар Димишқ масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 24.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 21-23 майи соли 2019 сафари кории Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло ба шаҳри Димишқ сурат гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар доираи сафар 22 майи соли 2019 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии он кишвар мулоқоти Сафир бо муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Сурия Файсал ал-Миқдод баргузор гардид.
Сафир номаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро ба унвони Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия Валид ал-Муаллим ҷиҳати тақвият ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба супорид.
Дар мулоқот густариши муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишвар, ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои барои ҳарду ҷониб муҳим, махсусан дар арсаи мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳамчунин масъалаи муайян намудани шахсияту шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон ва баргардонидани онҳо ба Ватан мавриди баррасӣ қарор гирифта, перомуни вазъияти ҷаҳону Ховари Миёна табодули афкори судманд сурат гирифт.
Ҷонибҳо зарурати табодули сафарҳои расмӣ дар сатҳҳои мухталиф ва баргузории машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишварро давоми соли 2019 таъкид карданд.








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






